Бозгашт

тоҷикӣ

طاجيكي

Дарсҳои муҳим

1 видео
PDF

Таҳорат

3 видео
Description of Wudu
0:00 / 0:00
How to Perform Wudu
0:00 / 0:00
Wudu Affairs
0:00 / 0:00

Намоз

3 видео
Description of Prayer
0:00 / 0:00
Salah with Duaa
0:00 / 0:00
How to Perform Prayer
0:00 / 0:00

Саволҳои муҳим

279 саволҳо
Бахши ақида42

С 1: Парвардигори ту кист?

Ҷ: Парвардигори ман Аллоҳ аст, ки ман ва дигар ҷаҳониёнро бо неъматҳои Худ парваронида аст. Ӯ маъбуди ман аст ва ҷуз Ӯ маъбуди дигаре нест. Ӯ Офаридгор, Соҳиб, рӯзидиҳанда ва тадбиркунандаи ҳар он чизест, ки дар олам вуҷуд дорад.
Далели ин гуфтаҳо фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:
(Сипос махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст) (Сураи Фотиҳа, ояти 2)

С 2: Динат чист?

Ҷ: Дини ман Ислом аст, ки маънои он: Таслим шудан дар баробари Аллоҳ бо ягона донистани Ӯ, сари итоат фуруд овардан ба Ӯ ва безорӣ ҷустан аз ширк ва мушрикон аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ҳамоно, дини бар ҳақ дар назди Аллоҳ Ислом аст) (Сураи Оли Имрон, ояти 19)

С 3: Паёмбарат кист?

Ҷ: Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст) (Сураи Фатҳ, ояти 29).

С 4: Калимаи тавҳидро бо маънояш бигӯ?

Ҷ: Калимаи тавҳид "Ло илоҳа илло Аллоҳ" гуфтан ва маънояш чунин аст: "Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ".
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
([Эй Паёмбар] бидон, ки маъбуде [ба ҳақ] ба ҷуз Аллоҳ Таъоло нест.) (Сураи Муҳаммад, ояти 19)
Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ Таъоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ Таъоло баландмартабаи бузург аст.) (Сураи Ҳаҷ, ояти 62)

С 5: Аллоҳи бо иаззату ҷалол дар куҷост?

Ҷ: Аллоҳ дар осмон ва бар Арш аст, болотар аз ҳама махлуқот. Худи Худованд мефармояд: ([Парвардигори] Раҳмон [онгуна ки шоистаи Ӯ аст ва бидуни он ки муҳтоҷ ба Арш бошад] бар Арш қарор гирифт.) (Сураи Тоҳо, ояти 5)
Дар ҷои дигар мефармояд: (Ва Ӯст, ки бар бандагони худ чира ва фавқи (онон) аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст.) (Сураи Анъом, ояти 18).

С 6: Маънои гувоҳӣ додан, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, чист?

Ҷ: Маънояш ин аст, ки Аллоҳ Таъоло ӯро барои ҷаҳониён муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристода аст.
Он чи дар бораи эшон воҷиб аст:

1. Итоати ӯ дар он чи фармудааст.
2. Тасдиқ ва бовар кардани ӯ дар он чи хабар додааст.
3. Нофармони накардан аз ӯ.
4. Аллоҳ Таъолоро бо равише, ки ӯ фармудааст, ибодат кардан, ки он пайравӣ аз суннат ва тарки бидъат аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ Таъоло итоат кардааст.) (Сураи Нисо, ояти 80)
Ва Аллоҳ субҳонаҳу мефармояд: (Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд. 3 [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест. 4) (Сураи Наҷм, оятҳои 3-4)
Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад.) (Сураи Аҳзоб, ояти 21)

С 7: Чаро Аллоҳ Таъоло моро офаридааст?

Ҷ: Аллоҳ Таъоло моро танҳо барои ибодати Худ офаридааст ва Ӯро ҳеҷ шарике нест. Ӯ моро беҳуда ё барои бозӣ ва саргармӣ наофаридааст ва моро беҳуда ва дар ғафлат нагузоштааст.
Худованд мефармояд:
(Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд].) (Сураи Зориёт, ояти 56)

С 8: Ибодат чист?

Ҷ: Ибодат номи фарогири ҳар сухан ва амалҳои зоҳирӣ ва ботинӣ аст, ки Аллоҳ Таъоло онро дӯст медорад ва ба он розӣ аст.
- Амалҳои зоҳирӣ: монанди зикри Аллоҳ бо забон, тасбиҳ, таҳмид ва такбир гуфтан ва намозу ҳаҷ анҷом додан.
- Амалҳои ботинӣ: монанди таваккал, тарс ва умед.

С 9: Бузургтарин воҷиб бар мо чист?

Ҷ: Бузургтарин воҷиб бар мо ин ягона донистани Аллоҳ Таъоло аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд;) (Сураи Байина, ояти 5)

С 10: Анвоъи тавҳид кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Тавҳиди рубубият: Яъне, имон ба ин ки Аллоҳ Офаридгор, рӯзидиҳанда, молик ва идоракунанда аст. Дар парвардигорияш танҳо ва бешарик аст.
2. Тавҳиди улуҳият: Яъне, ягона қарор додани Аллоҳ Таъоло дар парастиш ва ин ки касе (ё чизе) ҷуз Аллоҳ Таъоло парастида нашавад.
3. Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо: Яъне, имон овардан ба исмҳо ва сифатҳои Аллоҳ Таъоло, ки дар Қуръон ва суннат ворид шудааст, бидуни монандиву шабоҳат додан ва бидуни инкору кайфият маълум кардан.
Далели се навъи тавҳид ин аст:
Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ҳамоно] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост; пас, ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ шикебо [ва пойдор] бош. Оё [ҳаммонанд ва] ҳамноме барояш мешиносӣ?») (Сураи Марям, ояти 65).

С 11: Бузургтарин гуноҳ чист?

Ҷ: Ширк овардан ба Аллоҳ Таъоло аст.
Худованд мефармояд:
(Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад; ва ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ширк варзад, яқинан, гуноҳи бузург ба гардан гирифтааст.) (Сураи Нисо, ояти 48).

С 12: Ширк чист ва навъҳои он кадомҳоянд?

Ҷ: Ширк он аст, ки инсон барои Аллоҳ Таъоло дар ибодат ё парвардигорияш ё номҳо ва сифатҳояш шарик ва ҳамсон қарор диҳад.
Ва анҷом додани ибодатҳое барои ғайри Аллоҳ Таъоло аз ҷумлаи ширк аст.
Анвоъи ширк:

- Ширки акбар (бузург): Монанди ғайри Худоро хондан ё саҷда кардан барои ғайри Ӯ, ё забҳ кардан барои ғайри Аллоҳи бо иззату ҷалол. (Ширки акбар инсонро аз дини ислом хориҷ мекунад.)
- Ширки асғар (хурд): Он ширке аст, ки инсонро аз доираи Ислом берун намекунад, монанди: Савганд ёд кардан ба ғайри номи Аллоҳ Таъоло, ё тӯмор овехтан, яъне ҳар чизе, ки барои фоида ё дафъи зиён овехта мешавад ва риёи андак, монанди ин ки шахс вақте эҳсос кард, ки мардум ба ӯ нигоҳ мекунанд, намозашро беҳтару ботамкинтар мехонад.

С 13: Оё ҷуз Аллоҳ Таъоло касе ғайбро медонад?

Ҷ: Ғайбро танҳо Аллоҳ Таъоло медонад.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Бигӯ: «Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ Таъоло. Ва намедонанд чи замоне барангехта мешаванд.) (Сураи Намл, ояти 65)

С 14: Имон чанд рукн дорад?

Ҷ: Имон шаш рукн дорад:
1. Имон ба Аллоҳ Таъоло.
2. Ва фариштагонаш.
3. Ва китобҳояш.
4. Ва паёмбаронаш.
5. Ва ба рӯзи қиёмат.
6. Ва ба тақдири некӣ ва бадӣ.
Далели он ҳадиси машҳури Ҷабраил (Алайҳи-с-салом) аст, ки Имом Муслим ривоят кардааст. Ҷабраил (Алайҳи-с-салом) дар хитоб ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пас манро аз имон огоҳ бисоз! Паёмбар фармуданд: "Ин ки имон биёварӣ ба Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират ва имон биёварӣ ба тақдири неку бади он".

С 15: Маънои аркони имон чист?

Ҷ: Имон овардан ба Аллоҳ Таъоло: Яъне имон биёварӣ, ки Аллоҳ Таъоло ҳамон зотест, ки туро офарида ва рӯзӣ додааст ва танҳо Ӯ молик ва идоракунандаи махлуқот аст. Ӯ маъбудест, ки ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯ зотест, ки офаринишу фармонравоӣ, ҳукму қонунгузорӣ танҳо барои Ӯст ва дар ин умур Ӯро шарике нест.
Ва Ӯст он парвардигори бо азамату бузург ва соҳиби комил, ки ҳама ситоиш аз они Ӯст ва дорои номҳои неку ва сифатҳои воло аст. Ҳамто надорад ва чизе монанди Ӯ нест.
Имон ба фариштагон:
Онҳо (фариштагон) махлуқоте ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло аз нур офаридааст, то Ӯро парастиш кунанд ва ба фармони Ӯ комилан итоат кунанд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
( ... балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд* Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегирнад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд.) (Сураи Анбиё, оятҳои 26-27)
- Паёмбар (Алайҳис-салоту вас-салом) фармуданд: "Фариштагон аз нур офарида шудаанд". Ривояти Муслим.
- Ва аз ҷумлаи онон Ҷабраил алайҳис-салом аст, ки ваҳйиро бар паёмбарон нозил мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст* Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст* Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ* [Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд]) (Сураи Шуъаро, оятҳои 192-195)
Имон ба китобҳо: Китобҳое, ки Аллоҳ Таъоло бар паёмбаронаш нозил кардааст.
- Монанди Қуръон, ки бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.
Инҷил:
бар Исо алайҳис-салом нозил шудааст.
Таврот:
бар Мусо алайҳис-салом нозил шудааст.
Забур:
бар Довуд алайҳис-салом нозил шудааст.
Саҳифаҳои Иброҳим ва Мусо алайҳимос-салом, ки бар ин ду паёмбар нозил шудааст.
Имон ба паёмбарон:
Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло ба сӯи бандагонаш фиристодааст, то онҳоро таълим диҳанд ва ба корҳои нек ва биҳишт мужда диҳанд ва аз бадӣ ва дӯзах барҳазар доранд.
Ва беҳтарини онон паёмбарони улулъазм ҳастанд, ки инҳоянд:
- Нуҳ алайҳис-салом.
- Иброҳим алайҳис-салом.
- Мусо алайҳис-салом.
- Исо алайҳис-салом.
- Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам.
Имон ба рӯзи охират:
Ҳар он чи пас аз марг дар қабр ва рӯзи қиёмат ва рӯзи растохез ва ҳисоб аст, ки аҳли биҳишт дар манзилгоҳҳои худ ва аҳли дӯзах дар манзилгоҳҳои худ қарор мегиранд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест.) (Сураи Оли Имрон, ояти 185)
Имон ба тақдири некӣ ва бадӣ:
Тақдир: Эътиқод ба ин ки ҳар чизе дар олам рух медиҳад Аллоҳ Таъоло онро медонад ва ин воқеъаҳоро дар лавҳи маҳфуз нигошта аст ва вуҷуди онро хоста ва онро офаридааст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем.) (Сураи Қамар, ояти 49)
- Имон ба тақдир чаҳор мартаба дорад:
Якум: Илми Аллоҳ Таъоло, аз ҷумлаи он илми пешини Ӯ ба ҳама чиз, пеш ва баъд аз он ки рух диҳад.
Далели он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:
(Бе тардид, огоҳӣ [аз замони вуқуи] қиёмат [танҳо] назди Аллоҳ Таъоло аст ва [Ӯст, ки] борон нозил мекунад ва он чиро, ки дар раҳимҳост, медонад ва касе намедонад, фардо чи ба даст меоварад ва ҳеҷ кас огоҳ нест, ки дар кадом сарзамин мемирад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло донову огоҳ аст.) (Сураи Луқмон, ояти 34)
Дувум: Аллоҳ Таъоло инро дар лавҳи маҳфуз навишта аст, пас ҳар он чи рӯй дод ва рӯй хоҳад дод, дар китобе навишта шудааст.
Далели он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:
(Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад.) (Сураи Анъом, ояти 59)
Севум: Ҳама чиз бо хости Аллоҳ Таъоло рух медиҳад, чизе аз сӯи Ӯ ё бандагонаш рух намедиҳад, магар бо хости Аллоҳ Таъоло. Ва банда ихтиёр, ирода ва хоҳиш дорад, аммо ин ирода ва хоҳиш рух намедиҳад, магар баъди хости Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло.
Далели он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:
(Барои ҳар яке аз шумо, ки бихоҳад роҳи ростӣ [ҳақро] дар пеш гирад, 28 Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад 29.) (Сураи Таквир, оятҳои 28-29)
Чаҳорум: Имон ба ин ки ҳамаи коинот махлуқанд ва Аллоҳ Таъоло ҳамаро офаридааст. Ва Аллоҳ Таъоло зоту сифот ва ҳаракоти он мавҷудот ва ҳар чизе дар онҳо ҳастро офаридааст.
Далели он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:
(Ва ҳол он ки Аллоҳ Таъоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст.) (Сураи Соффот, ояти 96)

С 16: Таърифи Қуръон чист?

Ҷ: Қуръон каломи Аллоҳ Таъоло аст ва махлуқ нест.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва [эй Паёмбар] агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, пас, паноҳаш бидеҳ, то сухани Аллоҳ Таъолоро бишнавад,) (Сураи Тавба, ояти 6)
Ва дар ҳадис ривоят шудааст: "Ва фазилату бартарии каломи Аллоҳ бар дигар суханон, монанди бартарии Аллоҳ бар махлуқоташ аст". Ривояти Тирмизӣ.

С 17: Суннат чист?

Ҷ: Суннат ҳар гуфтор, амал, тақрир (ризоият), сифатҳои халқӣ (зоҳири ва баданӣ) ва ахлоқии Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст.

С 18: Бидъат чист ва оё онро қабул мекунем?

Ҷ: Ҳар он чизе, ки мардум аз пеши худ дар дин ворид кардаанд ва дар замони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш вуҷуд надошт, бидъат аст.
- Онро қабул намекунем ва бояд онро рад кунем.
Ба далели ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд: "Ҳар бидъат гумроҳӣ аст" Ривояти Абудовуд.
Ҳамчунин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Ҳар касе дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он фармони мо нест, пас он амал мардуд аст." Ривояти Муслим.
Мисол:
Илова кардан ба ибодат, яъне бар ивази се бор, чаҳор бор шустани узвҳо дар таҳорат. Инчунин ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), зеро аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобашон чунин амал ривоят нашудааст.

С 19: Ақидаи валоъ ва бароъ чист?

Ҷ: Валоъ: дӯст доштани муъминон ва ёрӣ расондан ба онон аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва мардон ва занони муъмин дӯстони якдигаранд.) (Сураи Тавба, ояти 71)
Бароъ: бад дидани кофирон ва душманӣ бо онон аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ Таъоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред.») (Сураи Мумтаҳана, ояти 4)

С 20: Оё Аллоҳ дини дигареро ғайр аз Ислом мепазирад?

Ҷ: Аллоҳ ғайр аз Ислом дигар динеро намепазирад.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст.) (Сураи Оли Имрон, ояти 85)

С 21: Куфр дар гуфтор, амал ва эътиқод аст. Ба ин гуфтаҳо мисол биёвар.

Ҷ: Мисоли куфр дар гуфтор: Дашном додани Аллоҳ Таъоло ё паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).
Мисоли куфр дар амал:
Бе эҳтироми ба Қуръон ё саҷда кардан ба ғайри Аллоҳ Таъоло.
Мисоли куфр дар эътиқод:
Эътиқод ба ин ки касе (ё чизе) ғайр аз Аллоҳ Таъоло сазовори парастиш аст, ё ин ки офаридгоре ҷуз Аллоҳ Таъоло вуҷуд дорад.

С 22: Нифоқ чист ва навъҳои он кадом аст?

Ҷ: 1. Нифоқи акбар (бузург): Он пинҳон кардани куфр ва зоҳир кардани имон аст.
Ин нифоқ инсонро аз Ислом берун мекунад ва он аз ҷумлаи куфри акбар аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ҳамоно мунофиқон дар фурӯтарин дараҷоти дӯзаханд ва ҳаргиз ёваре барояшон нахоҳӣ ёфт.) (Сураи Нисо, ояти 145)
2. Нифоқи асғар (хурд) Монанди дурӯғ, ваъдахилофӣ ва хиёнат дар амонат.
Ин нифоқ инсонро аз Ислом берун намекунад ва он аз ҷумлаи гуноҳон аст ва соҳибаш дар маърази азоб қарор дорад.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Нишонаи мунофиқ се чиз аст: агар сухан гӯяд, дурӯғ мегӯяд ва ҳаргоҳ ваъда диҳад, хилофи ваъда мекунад ва ҳаргоҳ ӯро амин шуморанд, хиёнат мекунад". Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

С 23: Хотами паёмбарон ва расулон кист?

Ҷ: Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ Таъоло ва хотами паёмбарон аст; ) (Сураи Аҳзоб, ояти 40)
Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ва ман хотами паёмбаронам ва баъд аз ман паёмбаре нест". Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва дигарон.

С 24: Муъҷиза чист?

Ҷ: Муъҷиза: Ҳар чизи ғайри оддие, ки Аллоҳ Таъоло барои нишонаи ростгӯ будани паёмбаронаш ба онҳо додааст, монанди:
- Ду пора шудани моҳтоб барои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам). Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] шикофт.* Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯ мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуе [ботилу] зудгузар аст.»* Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад.) (Сураи Қамар, ояти 1-3)
- Шикофта шудани дарё барои Мусо (Алайҳис-салом) ва ғарқ шудани Фиръавн ва лашкараш. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро, дар ҳоле ки [ба азоби онҳо бо чашми худ] менигаристед, ғарқ сохтем.) (Сураи Бақара, ояти 50)

С 25: Саҳобагон кистанд? Оё мо бояд онҳоро дӯст дорем?

Ҷ: Саҳоба касест, ки бо Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) вохӯрда, ба ӯ имон оварда ва дар ҳоли мусалмон будан вафот кардааст.
Мо бояд онҳоро дӯст дорем ва аз онҳо пайравӣ кунем, зеро онон баъд аз паёмбарон бартарин ва афзалтарини мардум ҳастанд.
Ва беҳтарини онон чаҳор халифаи рошидин ҳастанд:

Абубакр (разияллоҳу анҳу.)
Умар (разияллоҳу анҳу).
Усмон (разияллоҳу анҳу.)
Алӣ (разияллоҳу анҳу.)
Аллоҳ Таъоло дар бораи саҳоба (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) мефармояд: (Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ Таъоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст) (Сураи Тавба, ояти 100)

С 26: Модарони муъминон киҳо ҳастанд?

Ҷ: Онҳо ҳамсарони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳастанд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Паёмбар [дар тамоми умур] нисбат ба муъминон, аз худашон сазовортар аст [ва назар ва хосташ авлавият дорад] ва ҳамсарони ӯ [аз лиҳози ҳурмати издивоҷ дар ҳукм] модаронашон ҳастанд; ) (Сураи Аҳзоб, ояти 6)

С 27: Ҳаққи аҳли байти (хонаводаи) Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бар мо чист?

Ҷ: Ҳаққи онон бар мо ин аст, ки онҳоро дӯст медорем ва аз онон пуштибонӣ мекунем ва душмани ононро душман медонем ва дар бораи онон зиёдаравӣ ва ғулув намекунем. Хонаводаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамсарону фарзандони ӯ, Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб аз муъминон ҳастанд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
( ... ҷуз ин нест Аллоҳ Таъоло мехоҳад палидӣ [ва озори бегонагон]-ро аз шумо дур намояд ва комилан покатон гардонад.) (Сураи Аҳзоб, ояти 33)
Дар ҳадисе Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: "Дар бораи аҳли байтам Аллоҳро бароятон ёдовар мешавам, дар бораи аҳли байтам Аллоҳро бароятон ёдовар мешавам, дар бораи аҳли байтам Аллоҳро бароятон ёдовар мешавам". Ривояти Муслим.

С 28: Вазифаи мо дар баробари ҳокимони мусалмон чист?

Ҷ: Вазифаи мо дар баробари онон аз он иборат аст, ки онҳоро эҳтиром кунем, дар ғайри гуноҳ ва маъсият ба суханашон гӯш диҳем. Ҳамчунин барояшон дуъо кунем ва онҳоро пинҳони насиҳат кунем ва бар зидди онон шӯриш ва исён накунем, магар ин ки куфри ошкорро дар онон бубинем.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбар ва коргузорон [-у фармондеҳони мусулмони худ] итоат кунед ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба [Китоби] Аллоҳ Таъоло ва [Суннати] паёмбар бозгардонед. Агар ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат имон доред, [яқин дошта бошед, ки] ин [бозгашт ва Қуръону Суннат бароятон] беҳтар ва хушфарҷомтар аст.) (Сураи Нисо, ояти 59)

С 29: Манзил ва сарзамини муъминон куҷо аст?

Ҷ: Биҳишт аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло муъминони накукорро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст.) (Сураи Муҳаммад, ояти 12).

С 30: Манзил ва сарзамини кофирон куҷо аст?

Ҷ: Дӯзах. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ( Пас аз оташе битарсед, ки ҳезуми он мардуму сангҳо ҳастанд ва барои кофирон омода шудааст) (Сураи Бақара, ояти 24)

С 31: Тарс чист? Умед чист? Далели он чист?

Ҷ: Тарс: Тарсидан аз Аллоҳ Таъоло ва аз муҷозоташ аст.
Умед:
Орзуи аҷру савоби Аллоҳ Таъоло ва раҳмату мағфирати Ӯ.
Далелаш ин сухани Аллоҳ Таъоло аст, ки: (Касонеро, ки онон мехонанд, худ [бо парастиш ва накукорӣ] василае [барои тақарруб] ба Парвардигорашон меҷӯянд [ва дар рақобатанд, то бидонанд] кадом як аз онон [ба парастиши Аллоҳ Таъоло] наздиктаранд ва ба раҳматаш умедворанд ва аз азобаш метарсанд; [чаро ки] бе тардид, азоби Парвардигорат ҳамвора шоистаи парҳез аст ) (Сураи Исро, ояти 57)
Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам (49) Ва ин ки азоби ман азобе дарднок аст .(50) (Сураи Ҳиҷр, ояти 49-50)

С 32: Баъзе аз номҳо ва сифатҳои Аллоҳ Таъолоро номбар кунед.

Ҷ: Аллоҳ, Ар-Рабб, Ар-Раҳмон, Ас-Самиъ, Ал-Басир, Ал-Ъалим, Ар-Раззоқ, Ал-Ҳай, Ал-Ъазим, Ал-Ҳаким ... ва дигар номҳои нек ва сифатҳои воло.

С 33: Ин номҳоро шарҳ бидеҳ.

Ҷ: Аллоҳ: Маънояш илоҳе аст, ки ба ҳақ ва ба танҳоӣ ва бидуни шарик парастида мешавад.
- Ар-Рабб (Парвардигор): Офаридгор, молик ризқдиҳанда ва тадбиркунандаи ягона ва бешарик.
- Ас-Самиъ: Он ки шунавоияш ҳама чизро фаро мегирад ва ҳама садоҳоро новобаста аз тафовут ва гуногунияш мешунавад.
- Ал-Басир: Он ки ҳама чизро мебинад ва ҳама чизҳои хурду бузургро мебинад.
- Ал-Ъалим: Он ки илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст, ҳар он чи дар гузашта рух додааст ё дар ҳоли ҳозир ё дар оянда рух медиҳад.
- Ар-Раҳмон: Он ки раҳматаш ҳама мавҷудоти зиндаро фаро гирифтааст, Пас ҳама бандагону махлуқот таҳти раҳмати Ӯ қарор доранд.
- Ар-Раззоқ: Он ки ризқу рӯзии ҳама махлуқот, аз ҷумла инсон, ҷин ва ҳайвонот бар уҳдаи Ӯст.
- Ал-Ҳай: Зиндае, ки намемирад, дар ҳоле, ки ҳама офаридаҳои Ӯ мемиранд.
- Ал-Ъазим (Бузург): Он зоте, ки тамоми камолот ва азамату бузургиро дар номҳо ва сифатҳо ва корҳояш доро аст.
- Ал-Ҳаким: Он ки офаридагонашро ба устуворӣ, диққат ва некӯйи офаридааст ва дар офариниш ва амраш дорои ҳикмат аст.
- Ҳикмат - гузоштани ҳар чиз дар макони муносибаш ва таъйини мавқеи дурусти онҳо аст.

С 3: Вазифаи мо дар баробари олимони мусалмонон чист?

Ҷ: Онҳоро дӯст медорем ва дар масоил ва навозили шаръӣ ба онҳо муроҷиат мекунем ва аз онҳо танҳо ба некӣ ёд мекунем ва ҳар ки онҳоро ба бадӣ ёд кард, ӯ дар роҳи дуруст нест.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Аллоҳ Таъоло мақом [-у дараҷот]-и касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, боло мебарад ва Аллоҳ Таъоло ба он чи мекунед, огоҳ аст) (Сураи Муҷодала, ояти 11)

С 35: Авлиёи Аллоҳ Таъоло кистанд?

Ҷ: Онон муъминони парҳезгоре ҳастанд, ки аз суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ мекунанд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Огоҳ бошед! Дӯстони Аллоҳ Таъоло на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд (62) [Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд.63) (Сураи Юнус, оятҳои 62-63).

С 36: Оё имон қавл (сухан) ва амал аст?

Ҷ: Имон қавл ва амал ва эътиқод аст.
- Имон - гуфтан ба забон, бовар ба қалб ва амал бо аъзо ва ҷавориҳ аст.
- Дар ҳадис аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Имон ҳафтоду чанд - ё шасту чанд - шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст ва ҳаё шохае аз имон аст." Ривояти Муслим.

С 37: Оё имон кам ва зиёд мешавад?

Ҷ: Имон бо тоат зиёд мешавад ва бо гуноҳу маъсият кам.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе тардид, муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки чун ёди Аллоҳ Таъоло мешавад, дилҳояшон ҳаросон мегардад ва чун оёташ бар онон хонда мешавад, бар имонашон меафзояд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.) (Сураи Анфол, ояти 2)

С 38: Эҳсон чист?

Ҷ: Ин аст, ки Аллоҳро тавре ибодат куни, ки гуё Ӯро мебинӣ, агар Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад.

С 39: Амалҳо аз ҷониби Аллоҳ Таъоло кай пазируфта мешаванд?

Ҷ: Амалҳо бо ду шарт пазируфта мешаванд:
1. Агар холис ба хотири Аллоҳ бошанд.
2. Агар мувофиқи суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) анҷом дода шаванд.

С 40: Таваккал бар Аллоҳ Таъоло чист?

Ҷ: Таваккал, яъне эътимод ба Аллоҳ Таъоло дар ба даст овардани манофеъ ва дур кардани зиёнҳо бо истифода аз сабабҳо.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва ҳар кас бар Аллоҳ Таъоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст.) (Сураи Талоқ, ояти 3).
(Ҳасбуҳу) яъне барояш кофӣ аст.

С 41: Вазифаи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар чист?

Ҷ: Амри ба маъруф, яъне амр ба ҳар чизе, ки итоат барои Аллоҳ азза ва ҷалла аст. Наҳйи аз мункар, яъне манъ намудан аз ҳар чизе, ки маъсияти Аллоҳ азза ва ҷалла бошад.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
([Эй уммати Муҳаммад] Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед: Ба кори нек фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Аллоҳ Таъоло имон доред;) (Сураи Оли Имрон, ояти 110).

С 42: Аҳли суннат ва ҷамоат кистанд?

Ҷ: Аҳли суннат ва ҷамоат касоне ҳастанд, ки дар гуфтор ва кирдор ва эътиқодашон бар ҳамон равиши Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳоби эшон ҳастанд.
Ин гурӯҳ ба хотири пайравияшон аз суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва тарки бидъат карданашон, "Аҳли суннат" номида шудаанд.
Ва ба хотири ҷамъ омаданашон бар ҳақ ва пароканда нашуданашон "Ҷамоат" номида шудаанд.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Банӣ Исроил бар ҳафтоду ду гурӯҳ тақсим шуданд ва уммати ман бар ҳафтоду се гурӯҳ ҷудо хоҳанд шуд, ҳама дар оташанд, ҷуз як гурӯҳ". Гуфтанд: Он гурӯҳ кадом аст, эй Расули Аллоҳ? Фармуданд: "Онҳо бар ҳамон роҳе ҳастанд, ки ман ва асҳобам бар он ҳастем". Ривояти Тирмизӣ.

Бахши Фиқҳ48

С 1: Таърифи таҳоратро бигӯ?

Ҷ: Таҳорат: Дур кардани бевузӯгӣ (вузӯ гирифтан ва покӣ аз ҷанобату ҳайзу нифос) ва аз байн рафтани наҷосат аст, яъне, дур кардани он чи ки монеи намоз хондан мешавад.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: " Таҳорат, калиди намоз аст." Ривояти Абудовуд.
Таҳорат аз наҷосат:
Ин маънои онро дорад, ки мусалмон ҳар гуна наҷосатеро, ки ба баданаш, либосаш ва ё ҷои намозгузориаш афтода бошад, бояд онро дур кунад.
Таҳорат аз ҳадас:
Ин ба воситаи таҳорат ё ғусл, ки бо оби пок ё таяммум барои касе, ки дастраси ба об надорад, ё наметавонад аз об истифода кунад, анҷом дода мешавад.

С 2: Чӣ гуна чизеро, ки наҷосат ба он расидааст, пок мекунӣ?

Ҷ: Бо об шустани он то пок шуданаш. Аммо чизеро, ки саг лесида бошад, ҳафт бор мешӯяд, ки нахустинаш бо хок аст.
Зеро аз Абуҳурайра (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Покии зарфи яке аз шумо, агар саг аз он об нӯшад (ё онро лесад) он аст, ки ҳафт бор онро бишӯяд ва бори аввалаш бояд бо хок бошад" Ривояти Муслим.

С 3: Фазилати таҳорат чист?

Ҷ: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар гоҳ бандаи мусалмон - ё муъмин - вузӯ бигирад ва рӯяшро бишӯяд, бо об - ва ё бо охирин қатраи об - гуноҳе, ки бо чашмаш ба сӯи он назар намуда, аз рӯяш берун мешавад ва ҳар гоҳ дастҳояшро бишӯяд, ё бо об - ё бо охирин қатраи об - ҳар гуноҳеро, ки бо дастҳояш муртакиб шуда, берун мешавад ва ҳар гоҳ пойҳояшро бишӯяд, бо об - ё бо охирин қатраи об - гуноҳонеро, ки бо пойҳояш ба сӯи он қадам бардошта бошад, аз он берун мешавад, ба ин гуна аз гуноҳон пок берун мегардад." Ривояти Муслим.

С 4: Чӣ гуна таҳорат мекунӣ?

Ҷ: Бо се бор шустани дастон. Ва себорӣ мазмазаву истиншоқу истинсор кардан.
- Мазмаза, яъне обро дар даҳон андохтан, гардондан ва берун рехтан.
- Истиншоқ, яъне обро бо нафас дар бинӣ кашидан бо дасти рост.
- Истинсор, яъне баровардани об аз бини баъд аз истиншоқ бо дасти чап.
- Сипас се бор шустани рӯй.
- Сипас шустани ҳарду даст то оринҷ, се бор.
- Сипас масҳ кашидани сар, бо дастонро то пушти сар бурдан ва дубора баргардонидани онҳо ба пеши сар ва гӯшҳоро ҳам масҳ мекунӣ.
- Сипас шустани пойҳо то каъбайн (буҷулак - ду устухони барҷастаи ду тарафи пой) се бор.
Ин мукаммалтарин таҳорат аст. Ва ин равиш дар ҳадисҳое, ки дар Бухорӣ ва Муслим аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) собит аст, Усмон ва Абдуллоҳ ибни Зайд ва дигарон ривоят кардаанд.
Ва ҳамчунин аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) назди Бухорӣ ва дигарон собит аст, ки: "Як бор як бор таҳорат карданд ва ин ки ду бор ду бор таҳорат карданд." Ба ин маъно, ки ҳар як узве аз аъзои таҳоратро якборӣ ё дуборӣ шустанд.

С 5: Фарзҳои таҳорат кадомҳоянд ва чандто ҳастанд?

Ҷ: Фарзҳои таҳорат он амалҳое ҳастанд, ки бо тарки яке аз онҳо вузӯи шахс дуруст намешавад.
1. Шустани рӯй ва аз ҷумлаи он мазмаза ва истиншоқ аст.
2. Шустани дастон то оринҷ.
3. Масҳи сар ва аз ҷумлаи он масҳи гӯшҳо аст.
4. Шустани пойҳо то буҷулакҳо.
5. Тартиб байни шустани узвҳо, аввал шустани рӯй, сипас дастон, сипас масҳи сар, сипас пойҳо.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Эй касоне, ки имон овардаед чун ба [қасди] намоз бархостед, рӯйи худ ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва саратонро масҳ кунед ва пойҳоятонро то ду шитолинг [буҷулак бишӯед].) (Сураи Моида, ояти 6)
6. Муволот: Яъне вузӯ бояд дар як вақт ва пай дар пай иҷро шавад, бидуни он ки миёни шустани узвҳо фосила гузошта шавад, ки узви шусташуда хушк шавад. Монанди ин ки шахс нисфи вузӯро анҷом диҳад ва нисфи дигарашро вақти дигар. Дар чунин ҳолат вузӯяш дуруст намешавад.
Ба далели ин ҳадис, ки: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки намоз мехонад ва пушти пояш ба андозаи як дирҳам хушк монда, об нарасида буд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки вузӯ ва намозашро дубора анҷом диҳад." (Яъне аз нав вузӯ бигираду намозашро дубора бихонад.) Ривояти Абудовуд.

С 6: Суннатҳои вузӯ кадомҳоянд ва чандто ҳастанд?

Ҷ: Суннатҳои вузӯ амалҳое ҳастанд, ки агар вузӯкунанда онҳоро анҷом диҳад, аҷру савоби зиёдтар мегирад ва агар анҷом надиҳад гунаҳгор намешавад ва вузӯяш дуруст аст.
1. Бисмиллоҳ гуфтан. Бинобар ин ҳадис: " Касе, ки номи Аллоҳро (ҳангоми оғози вузӯ) зикр накунад, вузӯ надорад." Ривояти Абудовуд.
2. Мисвок. Ба далели ин ҳадис: "Агар барои умматам душвор намебуд, онҳоро амр мекардам, ҳангоми ҳар вузӯ гирифтан мисвок бизананд." Ривояти Аҳмад.
3. Шустани ҳарду даст то банди даст.
4. Тахлили ангуштон. (Ҳангоми шустан ангуштонро байни ҳам даровардан.) Ба далели ин ҳадис: "Вузӯро комил намоед ва байни ангуштонатонро тахлил кунед ва дар истиншоқ (обро ба бинӣ даровардан) муболиға кунед, магар ин ки рӯзадор бошед." Ривояти аҳли сунан.
5. Ду - себорӣ шустани узвҳо.
6. Оғоз кардани вузӯ аз тарафи рост. Ба далели ин ҳадис, ки модари муъминон Оиша (Разияллоҳу анҳо) ривоят кардааст, мефармояд: " Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медошт, ки дар пӯшидани кафш, шона кардан, вузӯ гирифтан ва дар ҳама корҳояш аз рост оғоз кунад." Муттафақун алайҳӣ.
7. Зикр баъд аз вузӯ: " Ашҳаду ал-ло илоҳа илло Аллоҳ, ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, Ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу". Ривояти Муслим.
8. Ду ракаъат намоз хондан баъд аз вузӯ. Ба далели ин ҳадис: "Ҳар ки монанди вузӯи ман вузӯ бигирад, сипас ду ракаъат намоз бихонад ва бо худ сухан нагӯяд, Худованд гуноҳони гузаштаи ӯро мебахшад." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

С 7: Шиканандаҳои вузӯ кадомҳоянд?

Ҷ: Он чи аз роҳи пешу қафои инсон берун мебарояд. Монанди пешоб, наҷосат ва бод.
- Хоб, девонагӣ ва беҳушӣ. Ба далели ин ҳадис: "Чашм нигаҳбони мақъади инсон аст, пас агар шахс хобид бояд вузӯ бигирад." Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ.
- Хӯрдани гӯшти шутур. Марде аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Оё бо (хӯрдани ) гӯшти шутур вузӯ бигирам? Фармуданд: "Оре". Ривоят Муслим.
- Ламс кардани пеш ва пас (мақъад ва шармгоҳ) бо даст ва бе монеа. Ба далели ин ҳадис: "Ҳар кас олаташро ламс кунад, бояд вузӯ кунад." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва дигарон.

С 8: Таяммум чист?

Ҷ: Таяммум: Истифодаи хоки пок ё дигар аҷзои замин, ҳангоми набудани об ё адами тавоноии истифода аз об.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
( ... об наёфтаед, пас, [бояд] бо хоки пок таяммум кунед, [ба ин равиш, ки] чеҳра ва дастҳоятонро [бо он] маҳс намоед. Бе гумон, Аллоҳ Таъоло бахшояндаи омурзгор аст.) (Сураи Нисо, ояти 43)

С 9: Таяммум чӣ гуна аст?

Ҷ: Бо дастон ба хок як зарба задан ва рӯю пушти дастонро бо он масҳ кардан.
Ба далели сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки Аммор ибни Ёсир (разияллоҳу анҳу)-ро фармуданд: "Бароят кофӣ буд, ки чунин бикунӣ" Он гоҳ Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо кафи дастонаш ба замин зад ва он чи дар дастонаш (аз хок) буд онҳоро пуф кард, сипас бо дастонаш рӯй ва дастонашро масҳ кард. Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

С 10: Шиканандаҳои таяммум кадомҳоянд?

Ҷ: Ҳар он чи вузӯро ботил кунад, таяммумро низ ботил мекунад.
- Инчунин ёфтани об.

С 11: Мӯза, маҳсӣ ва ҷуроб чӣ ҳастанд? Оё бар онҳо масҳ кашида мешавад?

Ҷ: - Мӯза ва маҳсӣ пойпӯше аз чарм ҳастанд, ки бар пой мепӯшанд.
- Ҷуроб чизест, ки бар пой пӯшида мешавад, вале аз чарм нест.
Масҳ кашидан бар онҳо ҷоиз аст.
- Ба далели ҳадиси Муғира ибни Шуъба (разияллоҳу анҳу), ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат карданд ва бар ҷуробҳояшон масҳ кашиданд. Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва дигарон.
- Дар Бухорӣ ва Муслим омадааст: "Пас таҳорат карданд ва бар хуффайн масҳ кашиданд."

С 12: Ҳикмат аз масҳ кашидан бар хуффайн чист?

Ҷ: Осонтар ва бороҳаттар будан барои бандагон, бахусус дар ҳавои сарди зимистон ва ҳангоми сафар, зеро кашидани пойпӯшҳо душвор аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло [бо баёни ин аҳком] бароятон осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад.) (Сураи Бақара, ояти 185)

С 13: Шартҳои масҳ кашидан бар хуффайн (ва ҷӯробҳо) чист?

Ҷ: 1. Пӯшидани хуффайн дар ҳолати вузӯ доштан, яъне баъд аз вузӯ.
Ба далели ҳадиси Муғира (разияллоҳу анҳу) ки фармуд: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам ва хостам маҳсиҳояшонро бикашам, фармуданд: "Раҳояшон кун, зеро онҳоро бо вузӯ пӯшидаам", пас бар онҳо масҳ кашид. Муттафақун алайҳи.
2. Бояд маҳсӣ (ва ҷӯроб) пок бошад, зеро масҳ кашидан бар (маҳсӣ ва ҷӯроби) наҷосатолуд ҷоиз нест.
3. Бояд маҳсӣ (ё ҷӯроб) ҷоеро, ки дар вузӯ шустанаш фарз аст (то буҷулаки по), бипӯшонад.
4. Бояд масҳ то муддати муқаррар гардида бошад. Яъне барои муқим як шабонарӯз ва барои мусофир се шабонарӯз.
Ба далели ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу), ки фармуд: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои мусофир се шабонарӯз ва барои муқим (ғайри мусофир) як шабонарӯз муқаррар карданд. Ривояти Муслим.

С 14: Тарзи масҳ кашидан бар маҳсиҳо чӣ гуна аст?

Ҷ: Тарзи масҳ кашидан чунин аст: шахси вузӯгиранда ангуштони ду дастро бо об тар намуда, бар болои ангуштони пойҳояш гузошта, сипас онро ба тарафи боло мекашад. Пойи ростро бо дасти рост ва пойи чапро бо дасти чап масҳ мекунад, ангуштонашро ҳангоми масҳ кардан боз намояд ва масҳро такрор намекунад. (якбор масҳ кардан кифоят мекунад)

С 15: Чӣ чиз масҳи бар маҳсиҳо (ва ҷӯроб)-ро ботил мекунад?

Ҷ: 1. Поён ёфтани муҳлати масҳ. Пас аз гузаштани муҳлати муайян кардаи шариат барои масҳ дуюмбора масҳ кашидан ҷоиз нест, ки он як шабонарӯз барои муқим ва се шабонарӯз барои мусофир аст.
2. Баровардани маҳсиҳо (ё ҷӯроб). Агар шахс пас аз масҳ кашидан ҳарду маҳсӣ ё яке аз онҳоро берун биёварад, масҳ бар он ду ботил мегардад.

С 17: Маънои намоз чист?

Ҷ: Намоз: Он ибодати Аллоҳ Таъоло бо гуфторҳо ва амалҳои махсус аст, ки бо такбир оғоз шуда, бо таслим (салом гуфтан) ба охир мерасад.

С 18: Ҳукми намоз чист?

Ҷ: Намоз бар ҳар як мусалмон фарз аст.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст.) (Сураи Нисо, ояти 103)

С 19: Ҳукми тарки намоз чист?

Ҷ: Тарки намоз куфр аст. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст." Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ ва дигарон.

С 20: Дар як шабонарӯз чанд намоз бар мусалмон воҷиб аст? Ҳар намоз чанд ракаъат аст?

Ҷ: Адои панҷ намоз дар як шабонарӯз фарз аст.
- Намози бомдод: ду ракаъат.
- Намози пешин: чаҳор ракаъат.
- Намози аср: чаҳор ракаъат.
- Намози шом: се ракаъат.
- Намози хуфтан: чаҳор ракаъат.

С 21: Шартҳои намоз кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Ислом; намоз аз кофир пазируфта намешавад, зеро ҳама амалҳо (-и нек) бо (куфр ва) ширк нобуд мешаванд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(«Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд.) (Сураи Зумар, ояти 65)
2. Ақл; намози девона дуруст нест.
3. Тамйиз (фарқ кардан); намози кӯдаке, ки (хубро аз нек) фарқ карда наметавонад дуруст нест.
Ба далели ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд: "Қалам аз се кас бардошта шудааст: аз шахси хобида то ин ки бедор шавад, аз кӯдак то ин ки бузург шавад ва аз девона то ин ки ба ақл ояд ё ба ҳуш ояд." Ривояти аҳли сунан.
4. Ният.
Дар ҳадис омада аст, ки: "Ҳамоно корҳо ба ният вобаста аст ва ҳар кас ҳамонеро ба даст меорад, ки ният кардааст." Ривояти Бухорӣ.
5. Ворид шудани вақти намоз. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст.) (Сураи Нисо, ояти 103).
6. Вузӯ гирифтан барои рафъи ҳадас. Ба далели ин ҳадис: "Аллоҳ Таъоло намози касе аз шуморо, ки вузӯашро шикастааст, намепазирад, то ин ки вузӯ бигирад." Муттафақун алайҳи.
7. Покӣ аз наҷосат. Ба далели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд: (Ва либосатро покиза бидор.) (Сураи Муддассир, ояти 4)
8. Сатри аврат. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй фарзандони Одам, ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед].) (Сураи Аъроф, ояти 31)
9. Рӯй овардан ба қибла. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (пас, рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед.) (Сураи Бақара,ояти 144)

С 22: Аркони намоз кадомҳоянд?

Ҷ: Намоз чаҳордаҳ рукн дорад, ки ба тариқи зайланд:
- Якум: Қиём (рост истодан) дар намози фарзӣ барои касе, ки тавоно аст. Ба далели ҳадиси Имрон ибни Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд: "Истода намоз бигзор, агар наметавонӣ нишаста ва агар наметавонӣ ба паҳлу" Ривояти Бухорӣ.
- Такбири эҳром ва он "Аллоҳу акбар" гуфтан аст. Ба далели сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ки фармуданд: "Ҳаргоҳ барои намоз бархостӣ, такбир бигӯ." Муттафақун алайҳи.
- Хондани сураи Фотиҳа. Ба далели сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд: "Касе сураи Фотиҳаро нахонад, намоз нахондааст." Муттафақун алайҳи.
- Рукуъ, дар ҳолати рукуъ намозгузор пушташро рост карда, сарашро дар баробари камараш қарор медиҳад.
- Бархостан аз рукуъ.
- Истодан ва рост кардани қомат баъд аз рукуъ. Ба далели сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд: "Сипас ба рукуъ бирав, то ин ки ором ёбӣ, сипас бархез, то ин ки ором ёбӣ" Муттафақун алайҳи.
- Саҷда, ва қарор гирифтани пешонӣ, бинӣ, ду даст, ду зону ва атрофи ангуштони ҳарду пой дар замин ҳангоми саҷда.
- Бархостан аз саҷда.
- Нишастан байни ду саҷда. Ба далели сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд: "Сипас саҷда кун, то ин ки дар ҳоли саҷда ором ёбӣ, сипас бархез то ин ки дар нишастан ором ёбӣ." Муттафақун алайҳи.
Суннат он аст, ки шахс бар рӯи пойи чапаш нишинад ва пойи росташро (ба таври амудӣ) рост карда, ангуштонашро ба сӯи қибла кунад. Ба далели ҳадиси модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо), ки мефармояд: "(Расули Худо) пойи чапашро бар рӯи замин паҳн мекард (бар он менишаст) ва пойи росташро қоим мекард." Ривояти Муслим.
- Ором гирифтан дар ҳар рукни амалӣ.
- Ташаҳҳуди ахир. Ба далели ҳадиси Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу), ки: Мо дар намоз пеш аз он ки ташаҳҳуд фарз шавад, онро мегуфтем ..., Ривояти Насоӣ ва асли ин ҳадис дар саҳеҳайн аст.
- Нишастан барои ташаҳҳуди ахир.
- Салом додан дар охири намоз ба ҳарду тараф, бо чунин лафз: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ". Бинобар ин ҳадис: " Ба тарафи росту чапаш салом медод: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ." Ривояти Тирмизӣ ва дигарон.
- Тартиби рукнҳо. Чӣ гунае, ки дар боло зикр шуд, агар масалан пеш аз рукуъ қасдан саҷда кунад намозаш фосид мешавад ва агар фаромӯш кунад, бояд ба рукуъ баргардад ва сипас саҷда кунад.

С 23: Воҷиботи намоз кадомҳоянд?

Ҷ: Воҷиботи намоз ҳаштто аст:
1. Такбирҳои намоз ғайр аз такбири таҳрима.
2. Гуфтани "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" барои имом ва касе, ки танҳо намоз мехонад.
3. Гуфтани "Раббано ва лака-л-ҳамд".
4. Гуфтани "Субҳона раббиял ъазим" як бор дар рукуъ.
5. Гуфтани "Субҳона раббиял аъло" як бор дар саҷда.
6. Гуфтани "Раббӣ иғфир лӣ" миёни ду саҷда.
7. Ташаҳҳуди аввал.
8. Нишастан барои ташаҳҳуди аввал.

С 24: Суннатҳои намоз кадомҳоянд?

Ҷ: Суннатҳои намоз ёздаҳто аст:
1. Баъди такбири эҳром ин дуоро гуфтан: " Субҳонакал-лоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука", ин дуоро дуои истифтоҳ (кушодан) меноманд.
2. "Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим" гуфтан.
3. "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим" гуфтан.
4. Гуфтани "Омин".
5. Хондани ягон сура баъд аз сураи Фотиҳа.
6. Бо овози баланд хондан барои имом.
7. Баъди "Раббано ва лакал ҳамд" ин дуоро гуфтан: "Милъас-самовоти ва милъал-арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд".
8. Аз як бор бештар гуфтани тасбеҳ дар рукуъ, яъне тасбиҳи дувум ва севум ва ҳарчи бештар аз он бошад.
9. Дар саҷда аз як бор бештар гуфтани тасбеҳ.
10. Дар миёни ду саҷда бештар аз як бор гуфтани "Раббӣ иғфир лӣ".
11. Дуруд фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ташаҳҳуди ахир ва бар аҳлу байташон ва дуои баракат бар онон ва дуо кардан баъд аз он.
Суннатҳои феълӣ ё амалӣ, ки ҳайатҳои намоз низ номида мешавад:
1. Рафъи ядайн (бардоштани дастон ) ҳамроҳи такбири таҳрима.
2. Ва ҳангоми рукуъ кардан.
3. Ва ҳангоми бархостан аз рукуъ.
4. Поин овардани дастон баъд аз он.
5. Гузоштани дасти рост бар болои дасти чап.
6. Нигоҳ кардан ба макони саҷда.
7. Ҷудо кардани пойҳо дар ҳоли истодан.
8. Ҳангоми рукуъ зонуҳоро доштан дар ҳоли кушода гузоштани ангуштон инчунин сарро бо пушт рост кардан дар ҳоли рукуъ.
Қарор додани аъзоҳои саҷда дар замин ва часпонидани онҳо дар ҷои саҷда.
10. Дур сохтани бозуҳо аз паҳлуҳо; шикам аз ронҳо; ронҳо аз пойҳо; рост гузоштани пойҳо; кафи ангуштони пойҳоро ба замин ва аз ҳам ҷудо гузоштан; дастонро дар баробари китфҳо паҳн ва ангуштонро якҷоя карда гузоштан.
11. Нишастан рӯи пойи чап миёни ду саҷда ва дар ташаҳҳуди аввал ва таваррук (такя кардан бар нишемангоҳи худ) дар ташаҳҳуди дувум.
12. Дар миёни ду саҷда паҳн гузоштани дастон дар болои зонуҳо, вале ангуштон ба ҳам часпида бошад. Дар ташаҳҳуд низ ба ҳамин шакл менишинад, аммо ангушти хурд ва калони ростро ба ҳам ба шакли доира баста, бо ангушти субоба (ишорат) ҳангоми зикри Аллоҳ ишора мекунад.
13. Ҳангоми салом додан рӯйро ба тарафи рост ва чап гардондан.

С 25: Ботилкунандаҳои намоз кадомҳоянд?

Ҷ: Тарки рукн ё яке аз шартҳои намоз.
2. Қасдан гап задан.
3. Хӯрдан ё нӯшидан.
4. Ҳаракти зиёд ва пай дар пай.
5. Қасдан яке аз воҷиботро тарк кардан.

С 26: Мусалмон чӣ гуна намоз мехонад?

Ҷ: Тарзи намоз хондан:
1. Бо ҳамаи бадан бе моил шудан ба росту чап ва нигоҳ накардан, рӯ ба қибла меистад.
2. Сипас бо дилаш - бидуни ба забон талаффуз кардани он - намозеро, ки хонданӣ аст, ният мекунад.
3. Сипас такбири эҳромро мегӯяд: "Аллоҳу акбар" ва ҳангоми такбир дастонашро то баробари китфонаш боло мебарад.
4. Сипас кафи дасти росташро бар болои дасти чапи худ дар болои синаи худ мегузорад.
5. Сипас бо гуфтани ин дуо (дуои истифтоҳ) намозашро оғоз мекунад: " Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя, камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб, Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя камо юнаққас-савбул-абязу минад-данас, Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бил-моъи вас-салҷи вал-барад".
Ё ин ки мегӯяд:
" Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборака исмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука".
6. Сипас мегӯяд: "Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим".
7. Сипас "Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим" гуфта, сураи Фотиҳаро мехонад: (Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1 Алҳамду лиллаҳи раббил ъоламин 2 Арраҳмони-р-раҳим 3 Молики явмиддин 4 Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин 5 Иҳдина-с-сиротал мустақим 6 Сирота-л-лазина анъамта ъалайҳим ғайри-л-мағзуби ъалайҳим ва лаззолӣн 7) (Сураи Фотиҳа, оятҳои 1-7)
Сипас "Омин" мегӯяд, яъне, Бор илоҳо дуоямро иҷобат фармо.
8. Сипас ҳар миқдоре, ки аз Қуръон барояш муяссар буд мехонад ва дар намози бомдод зиёдтар ва дарозтар мехонад.
9. Сипас рукуъ мекунад, яъне пушташро барои бузургдошт ва таъзими Аллоҳ хам мекунад ва ҳангоми ба рукуъ рафтан такбир (Аллоҳу акбар) мегӯяд ва дастонашро баробари китфонаш мебардорад. Ва суннат ин аст, ки пушташро ҳамвор карда, сарашро баробари он қарор диҳад. Дастонашро дар ҳоле, ки ангуштонаш кушода аст болои зонуҳояш қарор медиҳад.
10. Дар рукуъ се бор "Субҳона раббиял-ъазим" мегӯяд ва агар бихоҳад инро изофа кунад, хуб аст: "Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, Аллоҳумма иғфир лӣ".
11. Сипас сарашро аз рукуъ бардошта, "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" мегӯяд ва дастонашро баробари китфонаш мебардорад (рафъи ядайн мекунад). Шахсе, ки аз пушти имом мехонад "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" намегӯяд, балки "Раббано ва лака-л-ҳамд" мегӯяд.
12. Сипас баъд аз он ки рост истод, мегӯяд: "Раббано ва лака-л-ҳамд, милъас-самовоти ва милъа-л-арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд".
13. Сипас саҷдаи аввалро анҷом медиҳад ва ҳангоми рафтан ба саҷда "Аллоҳу акбар" мегӯяд. Бар ҳафт аъзо - пешонӣ, бинӣ, кафи дастҳо, зонуҳо ва ангуштони пой - саҷда мекунад. Дастонашро аз паҳлуҳояш дур нигоҳ медорад ва оринҷҳояшро ба замин намегузорад ва нуги ангуштонашро ба сӯи қибла мегирад.
14. Дар саҷдааш се бор мегӯяд: "Субҳона раббиял-аъло" ва агар ин дуоро биафзояд хуб аст: "Субҳонакаллоҳумма раббано ва биҳамдика, Аллоҳуммағфир лӣ".
15. Сипас бо гуфтани "Аллоҳу акбар" сарашро аз саҷда мебардорад.
16. Сипас миёни ду саҷда бар пойи чапаш мешинад ва пойи росташро рост мекунад ва дастонашро бар болои ронҳо ва зонуҳояш мегузорад.
17. Дар ҳоли миёни ду саҷда нишастанаш мегӯяд: "Раббӣ иғфир лӣ ва-рҳамнӣ ва-рзуқнӣ ва-ҷбурнӣ ва ъофинӣ".
18. Сипас саҷдаи дувумро ҳамон гунае, ки саҷдаи якумро анҷом дод, бо ҳамон гуфтору рафтор анҷом медиҳад ва ҳангоми саҷда кардан "Аллоҳу акбар" мегӯяд.
19. Сипас аз саҷдаи дувум бо гуфтани "Аллоҳу акбар" бармехезад ва ракаъати дувумро мисли ракъати якум анҷом медиҳад, магар ин ки дар ракаъати дувум дуои истифтоҳро намегӯяд.
20. Сипас баъд аз ракаъати дувум "Аллоҳу акбар" гуфта, менишинад, монанди нишастани байни ду саҷда.
21. Дар ин нишастан "Ташаҳҳудро" мехонад ва мегӯяд: (Аттаҳиёту лиллоҳи вас-салавоту ват-тайибот. Ассалому ъалайка ай-юҳан-набию ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду ал-ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, Иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, Иннака Ҳамидум-Ҳаҷид, Аъузу биллоҳи мин азоби ҷаҳаннам ва мин азобил-қабр ва мин фитнатил-маҳё вал-мамот ва мин фитнатил-масиҳид-даҷҷол.) Сипас ҳар он чи аз хайри дунё ва охират бихоҳад дар дуояш аз Аллоҳ Таъоло талаб мекунад.
22. Сипас ба тарафи росту чапаш "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ" гуфта салом медиҳад. (Ва бо ин намозашро ба охир мерасонад.)
23. Агар намоз се ракаъата ё чаҳор ракаъата бошад, дар ташаҳҳуди аввал то инҷо мехонад:" Ашҳаду ал-ло илоҳа илло Аллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу."
24. Сипас "Аллоҳу акбар" гуфта, аз ҷояш бармехезад ва дастонашро баробари китфонаш мебардорад (рафъи ядайн).
25. Идомаи намозашро ба монанди ракаъати дувум анҷом медиҳад, вале танҳо сураи Фотиҳаро мехонад.
26. Сипас ба ҳолати таваррук менишинад. Ин гуна, ки пойи росташро дар замин рост гузошта ва пойи чапашро аз зери пойи росташ мегузаронад ва нишемангоҳашро бар замин қарор медиҳад ва дастонашро монанди ташаҳҳуди аввал болои ронҳо мегузорад.
27. Дар ин нишаст "ташаҳҳудро" пурра мехонад.
28. Сипас ба тарафи рост ва чап "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ" гуфта, салом медиҳад.

С 27: Кадом зикрҳо ва дуоҳо баъд аз намоз гуфта мешаванд?

Ҷ: Гуфтани "Астағфируллоҳ" се маротиба.
"Аллоҳумма анта-с-салому ва минка-с-салом, таборакта ё за-л-ҷалоли ва-л-кром".
" Ло илоҳа илла- Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир, Аллоҳумма ло мониъа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу за-л-ҷадди минка-л-ҷадд".
"Ло илоҳа илла- Аллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ло илоҳа илла- Аллоҳ ва ло наъбуду илло ийёҳ, лаҳу-н-неъмату ва лаҳу-л-фазл ва лаҳу-с-саноу-л-ҳасан, ло илоҳа илла-Аллоҳ, мухлисина лаҳу-д-дина ва лав кариҳа-л-кофирун."
"Субҳоналлоҳ" сиву се бор.
"Алҳамду лиллоҳ" сиву се бор.
"Аллоҳу акбар" сиву се бор.
Сипас барои сад бор комил шудан мегӯяд:
"Ло илоҳа илла-Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир."
- Сураи Ихлос ва муъаввизот (сураҳои ихлос, фалақ, нос)-ро себорӣ баъди намози бомдод ва намози шом ва якборӣ баъди дигар намозҳо мехонад.
- Ва (дар охир) оятулкурсиро як бор мехонад.

С 28: Суннатҳои ротиба кадомҳоянд ва чӣ фазилат доранд?

Ҷ: Ду ракаъат пеш аз намози бомдод.
- Чаҳор ракаъат пеш аз намози пешин.
- Ду ракаъат баъди намози пешин.
- Ду ракаъат баъд аз намози шом.
- Ду ракаъат баъд аз намози хуфтан.
Фазилати суннатҳои ротиба:
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Касе дар як шабонарӯз дувоздаҳ ракаъат суннат (суннатҳои муъаккада ё ротиба) бихонад, Аллоҳ барои ӯ хонае дар биҳишт бино хоҳад кард." Ривояти Муслим, Аҳмад ва дигарон.

С 29: Беҳтарин рӯзҳои ҳафта кадом аст?

Ҷ: Рӯзи ҷумъа. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Беҳтарин рӯзҳои шумо рӯзи ҷумъа аст, дар ин рӯз Одам офарида шуд ва дар ин рӯз аз дунё рафт ва дар ин рӯз сур дамида мешавад ва саъқа (мурдани одамон аз садои сур) дар ин рӯз аст, пас дар ин рӯз бар ман зиёд дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо бар ман пешкаш мешавад." Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, чӣ гуна дуруди мо бар ту пешкаш мешавад, дар ҳоле, ки ту фано шудаи, яъне пӯсидаи? Дар ҷавоб фармуданд: "Аллоҳ Таъоло ҷасадҳои паёмбаронро бар замин ҳаром кардааст." (Яъне, ҷасадҳои паёмбарон дар замин намепӯсанд.) Ривояти Абудовуд ва дигарон.

С 30: Ҳукми намози ҷумъа чист?

Ҷ: Намози ҷумъа барои ҳар як мусалмони мард, болиғ, оқил, муқим (ғайри мусофир) фарзи ъайн аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ Таъоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст.) (Сураи Ҷумъа, ояти 9)

С 31: Намози ҷумъа чанд ракаъат аст?

Ҷ: Намози ҷумъа ду ракъат аст, ки имом дар он бо садои баланд тиловат мекунад ва пеш аз он ду хутбаи маъруф аст. (Хутбаи ҷумъа)

С 32: Оё нарафтан ба намози ҷумъа ҷоиз аст?

Ҷ: Намози ҷумъа нарафтан ҷоиз нест, магар барои касе, ки узри шаръӣ дошта бошад. Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чунин ривоят шудааст: "Ҳар касе се (намози) ҷумъаро аз рӯи саҳлангорӣ тарк кунад, Аллоҳ бар дили ӯ муҳр мезанад." Ривояти Абудовуд ва дигарон.

С 33: Суннатҳои рӯзи ҷумъаро бигӯ?

Ҷ: 1. Ғусл кардан. Ба далели сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд: "Ғусли рӯзи ҷумъа бар ҳар болиғ воҷиб аст." Ривояти Бухорӣ.
2. Хушбӯйӣ. Бинобар ин ҳадис: "Ин ҳаққест бар уҳдаи мусалмонон, ки дар рӯзи ҷумъа ғусл кунанд ва ҳар кас аз атри хонаводааш истифода кунад." Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ.
3. Пӯшидани беҳтарин либос. Бинобар ин ҳадис: "Агар яке аз шумо имкон дошта бошад, ки барои намози ҷумъааш ду либосеро ғайри либоси кориаш қарор диҳад, зиёне недорад." Ривояти Ибни Моҷаҳ ва Молик дар Муваттаъ.
4. Барвақт рафтан ба масҷид.
5. Пиёда рафтан ба масҷид. Ба далели ин ҳадис: " Ҳар ки рӯзи ҷумъа шустушӯй ва ғусл кунаду барвақт (ба масҷид) равад, (ба имом) наздик шавад ва хутбаро хомӯшона гӯш кунад, барои ҳар қадами гузоштааш савоби яксола рӯза ва намозро мегирад." Ривояти Тирмизӣ ва Насоӣ.
6. Зиёд дуруд фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам). Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар рӯзи ҷумъа бар ман бисёр салавот бифиристед, зеро он (дуруд ва салавот) мавриди гувоҳӣ фариштагон аст. Ва касе бар ман дуруд намефиристад, магар ин ки дурудаш бар ман пешкаш мешавад, то ин ки тамом кунад." Ривояти Ибни Моҷаҳ.
7. Хондани сураи Каҳф. Ба далели ин ҳадис: "Ҳар кас дар рӯзи ҷумъа сураи Каҳфро бихонад, аз он ҷумъа то ҷумъаи дигар барояш нуре равшан мешавад." Ривояти Ҳоким ва дигарон.
8. Ҷустуҷӯи соате, ки дуъо дар он мустаҷоб мешавад. Бинобар ҳадисе, ки аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки рӯзи ҷумъаро зикр карданд ва фармуданд: "Дар рӯзи ҷумъа соате (вақте, замоне) аст, ки ҳеҷ бандаи мусалмон дар он ба намоз намеистад ва аз Аллоҳ чизе талаб намекунад, магар ин ки хостаашро ба ӯ ато мекунад." Муттафақун ъалайҳи.

С 34: Намози ҷамоат чӣ фазилат дорад?

Ҷ: Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Намози ҷамоат бисту ҳафт маротиба беҳтар аз намози танҳо аст". Ривояти Муслим.

С 35: Хушуъ ва фурутанӣ дар намоз чист?

Ҷ: Ҳузури қалб ва оромии узвҳо дар намоз аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ба ростӣ, ки муъминон растагор шуданд 1 Ҳамон касоне, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд 2) (Сураи Муъминун, ояти 1-2)

С 36: Закот чист?

Ҷ: Он ҳаққи воҷиб дар моли махсус, барои гурӯҳи махсус ва дар вақти махсус аст.
Закот рукне аз аркони Ислом ва садақаи воҷиб аст, ки аз сарватмандон гирифта ба фақирон дода мешавад.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(ва закот бипардозед.) (Сураи Бақара, ояти 43)

С 37: Садақаи мустаҳаб чист?

Ҷ: Ҳар садақае, ки ғайри закот аст, монанди садақа додани ҳар чизе дар роҳи хайр ва дар ҳар вақт.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва дар роҳи Аллоҳ Таъоло инфоқ (садақа) кунед) (Сураи Бақара, ояти 195)

С 38: Рӯзаро таъриф кунед?

Ҷ: Рӯза ибодатест, ки барои Аллоҳ Таъоло бо ният, нахӯрдану нанӯшидан ва дурӣ аз дигар шиканандаҳои рӯза аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб анҷом дода мешавад. Ва он ду навъ аст:
1. Рӯзаи воҷиб: монанди рӯза гирифтани моҳи Рамазон, ки он рукне аз аркони Ислом аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо воҷиб шудааст, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, низ воҷиб шуда буд; бошад, ки парҳезкор шавед.) (Сураи Бақара, ояти 183)
2. Рӯзаи ғайри воҷиб: монанди рӯза гирифтани рӯзҳои душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта ва рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ ва беҳтарини он рӯзҳои сафед (13, 14, 15) аз ҳар моҳи ҳиҷрии қамарӣ аст.

С 39: Рӯза гирифтан дар моҳи рамазон чӣ фазилат дорад?

Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки моҳи рамазонро аз рӯи имон ва бо умеди дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад." Муттафақун алайҳи.

С 40: Рӯзаи нафлӣ дар ғайри Рамазон чӣ фазилат дорад?

Ҷ: Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ бандае нест, ки рӯзеро дар роҳи Аллоҳ рӯза гирад, магар ин ки Аллоҳ ба сабаби он рӯз чеҳраи ӯро аз дӯзах ҳафтод тирамоҳ (сол) дур созад." Муттафақун алайҳи.
- Маънои "ҳафтод тирамоҳ", яъне ҳафтод сол.

С 41: Ботилкунандаҳои рӯза кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Қасдан хӯрдану нӯшидан.
2. Қасдан қай кардан.

С 42: Суннатҳои рӯза кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Зуд ифтор кардан (баъд аз ғуруби офтоб).
2. Саҳархӯрӣ кардан ва таъхир дар он (то пеш аз азони субҳ хӯрдан.)
3. Бештар анҷом додани амалҳои нек ва ибодатҳо.
4. "Ман рӯзадор ҳастам", гуфтани рӯзадор, агар касе ӯро дашном диҳад.
5. Дуо кардан ҳангоми ифтор.
6. Ифтор кардан бо хурмои тар ё хурмо, агар муяссар нашуд бо об.

С 43: Ҳаҷ чист?

Ҷ: Ҳаҷ ибодати Аллоҳ Таъоло аст, ки бо нияти рафтан ба хонаи Ӯ бо қасди анҷом додани амалҳои мушаххас дар вақти муайян аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ Таъоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ Таъоло аз ҷаҳониён бениёз аст.) (Сураи Оли Имрон, ояти 97)

С 44: Аркони ҳаҷ кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Эҳром.
2. Вуқуф дар Арафа.
3. Тавофи ифоза.
4. Саъй байни Сафо ва Марва.

С 45: Ҳаҷ чӣ фазилат дорад?

Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: “Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, бармегардад мисле ки нав аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон) Ривояти Бухорӣ ва дигарон.
- "Монанди рӯзе, ки аз модар зода шудааст", яъне бегуноҳ.

С 46: Умра чист?

Ҷ: Умра: Ибодати Аллоҳ Таъоло бо қасди зиёрати хонаи Ӯ ва барои анҷоми амалҳои мушаххас дар ҳар вақти сол.

С 47: Аркони умра кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Эҳром.
2. Тавофи хона. (Каъба)
3. Саъй байни Сафо ва Марва.

С 48: Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ чист?

Ҷ: Саъй ва талош барои густариши Ислом ва дифоъ аз он ва мусалмонон, ё ҷангидан бо душманони Ислом ва мусалмонон аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст) (Сураи Тавба, ояти 41)
*******

С 16: Фазилати намоз чист?

Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба ман бигӯед: агар дарёе назди хонаи яке аз шумо бошад ва рӯзе дар он панҷ бор ғусл намояд, оё аз чирки баданаш чизе боқӣ мемонад?" Саҳоба гуфтанд: Аз чирки баданаш чизе боқӣ намемонад. Фармуд: "Ин монанди панҷ вақт намоз аст, ки Аллоҳ ба воситаи он гуноҳонро маҳв мекунад." Муттафақун алайҳи.
- Маънои "الدرن" (Ад-Даран): чиркинӣ, нопокӣ аст.

Бахши сирати набавӣ32

С 1: Насаби Паёмбарамон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чист?

Ҷ: Ӯ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим аз Қурайш аст ва Қурайш аз араб аст ва араб аз насли Исмоил, Исмоил ибни Иброҳим (дуруду саломи Худо нисори ӯ ва Паёмбарамон бод) аст.

С 2: Номи модари Паёмбарамон (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чист?

Ҷ: Омина бинти Ваҳб.

С 3: Падараш кай вафот кард?

Ҷ: Замоне ки Паёмбарамон (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар шиками модараш буд ва ҳанӯз таваллуд нашуда буд, падараш дар Мадина вафот кард.

С 4: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) кай таваллуд шудааст?

Ҷ: Дар Соли фил, рӯзи душанбе дар моҳи Рабиъул-аввал.

С 5: Дар кадом шаҳр таваллуд шудааст?

Ҷ6 Дар шаҳри Макка.

С 6: Ба ҷуз модараш киҳо ба ӯ шир доданд ва ӯро нигоҳдорӣ карданд?

Ҷ: -Умми Айман, канизи озодшудаи падараш.
- Сувайба, канизи амакаш Абулаҳаб.
- Ҳалимаи Саъдия.

С 7: Модарашон кай вафот кард?

Ҷ: Модараш дар синни шашсолагиаш вафот кард ва падарбузургаш Абдулмутталиб кафолаташро ба уҳда гирифт.

С 8: Баъди вафоти падарбузургаш Абдулмутталиб кӣ кафолаташро ба уҳда гирифт?

Ҷ: Дар синни ҳаштсолагӣ падарбузургаш вафот кард ва амакаш Абутолиб кафолати ӯро ба уҳда гирифт.

С 9: Кай бо амакаш ба Шом сафар кард?

Ҷ: Дар синни дувоздаҳсолагӣ ҳамроҳи амакаш ба Шом сафар кард.

С 10: Сафари дуюмаш кай буд?

Ҷ: Сафари дуюумашон барои тиҷорат бо амволи Хадиҷа (Разияллоҳу анҳо) буд. Ва ҳангоме, ки аз сафар баргашт, дар синни бисту пансолагӣ бо ӯ издивоҷ карданд.

С 11: Қурайш Каъбаро кай аз нав сохт?

Ҷ: Дар синни сию панҷсолагии Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Қурайш Каъбаро аз нав сохт.
Ҳангоме ки дар бораи гузоштани "Ҳаҷарул-асвад" бо ҳам ихтилоф карданд, ӯро довар қарор доданд. Ӯ сангро дар матоъе гузошт ва амр кард, ки ҳар қабила гӯшае аз аз он матоъро бигирад ва онҳо чаҳор қабила буданд, сипас онро то ҷояш боло бардоштанд ва он ҳазрат (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) сангро бо дасташ гирифта, ба ҷояш гузошт.

С 12: Дар чандсолагӣ ба паёмбарӣ ва ба сӯи кӣ мабъус шуд?

Ҷ: Ҳангоми ба паёмбарӣ мабъус шуданаш чиҳилсола буд ва барои ҳама мардумон муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристода шудааст.

С 13: Аввалин чизе, ки бо он ваҳй оғоз шуд, чӣ буд?

Ҷ: Ваҳй бо хобҳои содиқона оғоз шуд, Ба ин шакл, ки ҳеҷ хобе намедид , магар ин ки монанди субҳидам ба амал меомад.

С 14: Ҳолати ӯ пеш аз ваҳй чӣ гуна буд? Ва аввалин бор кай бар ӯ ваҳй нозил шуд?

Ҷ: Ӯ дар ғори Ҳиро Аллоҳро ибодат мекард ва барои худ тӯша мегирифт.
Ваҳй бар ӯ нозил шуд, дар ҳоле, ки ӯ дар ғори Ҳиро ба ибодат машғул буд.

С15: Аввалин оятҳое, ки аз Қуръон бар ӯ нозил шуд, кадом буд?

Ҷ: Ин каломи Аллоҳ Таъоло буд: ([Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид 1 [Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид 2 Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургвортар аст 3 [Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт 4 Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт 5) (Сураи Алақ, ояти 1-5)

С 16: Аввалин касе, ки ба паёмбарии ӯ имон овард, кӣ буд?

Ҷ: - Аз мардон: Абубакри Сиддиқ.
- Аз занон: Хадиҷа бинти Хувайлид.
- Аз ҷавонон: Алӣ ибни Абутолиб.
- Аз ғуломони озодшуда: Зайд ибни Ҳориса.
- Ва аз ғуломон: Билоли Ҳабашӣ (разияллоҳу анҳум).

С 17: Даъват ба Ислом чӣ гуна буд?

Ҷ : Се соли аввал даъват ба Ислом пинҳонӣ буд, сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки даъват ба мардум ошкор шавад.

С 18: Аҳволи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, пас аз эълони даъвати худ ба Ислом чӣ гуна буд?

Ҷ: Мушрикон дар озору азият расондан ба он ҳазрат ва мусалмонон аз ҳад гузаштанд, то ин ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) муъминонро иҷозат дод, ки ба Ҳабаша ба назди Наҷошӣ ҳиҷрат кунанд.
Мушрикон барои зиён расонидан ва куштани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) иттифоқ карданд, вале Аллоҳ Таъоло ӯро дар ҳифзаш нигоҳ дошт ва ба амакаш Абутолиб вогузор кард, ки ӯро аз шарри онон дар амон нигоҳ дорад.

С 19: Дар даҳумин соли паёмбариашон кӣ вафот кард?

Ҷ: Амакаш Абутолиб ва ҳамсараш Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) вафот карданд.

С 20: Исро ва меъроҷ кай рух дод?

Ҷ: Дар синни панҷоҳсолагии он ҳазрат рух дод ва намозҳои панҷгона бар ӯ фарз шуд.
- Исро аз Масҷидул-ҳаром (Макка) ба Масҷидул-ақсо (Байтулмуқаддас, Фаластин) буд.
- Ва Меъроҷ аз Масҷидул-ақсо ба осмон то Сидратул-мунтаҳо буд.

С 21: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мардуми берун аз Маккаро чӣ гуна даъват мекарданд?

Ҷ: Мардуми Тоифро даъват мекарданд, дар мавсими ҳаҷ ва ҷои ҷамъшавии мардум худро муаррифӣ мекард, то ин ки аз мардуми Мадина, аз ансор омаданд ва ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) имон оварданд ва байъат карданд, ки аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

С 22: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар Макка чанд муддат монда мардумро даъват мекарданд?

Ҷ: Сенздаҳ сол дар онҷо ба даъват пардохтанд.

С 23: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба куҷо ҳиҷрат карданд?

Ҷ: Аз Макка ба Мадина.

С 24: Чанд муддат дар Мадина монданд?

Ҷ: Даҳ сол

С 25: Дар Мадина кадом аҳкоми шаръии исломӣ бар он ҳазрат фарз шуд?

Ҷ: Закот, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод, азон ва дигар аҳкоми исломӣ фарз шуд

С 26: Муҳимтарин ғазваҳои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) кадомҳоянд?

Ҷ: - Ғазваи Бадри кубро, дар соли дувуми ҳиҷрӣ рух дод.
- Ғазваи Уҳуд, дар соли севуми ҳиҷрат.
- Ғазваи Аҳзоб, дар соли панҷуми ҳиҷрат.
- Ғазваи Фатҳи Макка, дар соли ҳаштуми ҳиҷрат.

С 27: Охирин ояте, ки аз Қуръон нозил шуд кадом буд?

Ҷ: Ин каломи Аллоҳ Таъоло буд: (Ва аз [азоби] рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯйи Аллоҳ Таъоло бозгардонда мешавед; сипас ба ҳар кас [подоши] он чи анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд.) (Сураи Бақара, ояти 281).

С 28: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) кай вафот кард? Ва ҳангоми вафоташ чандсола буд?

Ҷ: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар моҳи муҳаррами соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ ва дар синни шасту сесолагӣ вафот кард.

С 29: Ҳамсарони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро номбар кунед?

Ҷ: 1. Хадиҷа бинти Хувайлид (разияллоҳу анҳо).
2. Савда бинти Замъа (разияллоҳу анҳо).
3. Оиша бинти Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳо).
4. Ҳафса бинти Умар (разияллоҳу анҳо).
5. Зайнаб бинти Хузайма (разияллоҳу анҳо).
6. Умми Салама, Ҳинд бинти Абу Умайя (разияллоҳу анҳо).
7. Умми Ҳабиба, Рамла бинти Абусуфён (разияллоҳу анҳо).
8. Ҷувайрия бинти Ҳорис (разияллоҳу анҳо).
9. Маймуна бинти Ҳорис (разияллоҳу анҳо).
10. Сафия бинти Ҳуяй (разияллоҳу анҳо).
11. Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо).

С 30: Фарзандони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро номбар кунед.

Ҷ: Се писар:
- Қосим, куняи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо номи ӯ буд.
- Абдуллоҳ.
- Иброҳим.
* Чаҳор духтар:

- Фотима.
- Руқайя.
- Ум Кулсум.
- Зайнаб.
Ҳама фарзандонаш аз Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) буданд, магар Иброҳим, ки ӯ аз Морияи Қибтия буд. Ва ҳамаашон пеш аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) вафот карданд, магар Фотима, ки шаш моҳ баъд аз вафоти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) вафот кард.

С 31: Баъзе аз хислатҳои ҷисмонӣ ва зоҳирии Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро зикр кунед.

Ҷ: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) миёнақад буданд, на қадбаланд ва на кӯтоҳ. Рӯяшон сафеди сурхранг буд, риши калон, даҳони васеъ, чашмони бузург ва мӯйи бисёр сиёҳ доштанд. Китфони васеъ ва бӯйи хуш ва дигар хислатҳои зебо доштанд.

С 32: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) умматашро бар чӣ чиз вогузошт?

Ҷ: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) умматашро бар роҳи равшан вогузошт, ки шабаш мисли рӯзаш аст ва касе мунҳариф намешавад, магар ин ки ҳалок шудааст. Инчунин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) умматашро барои анҷоми тамоми корҳои нек роҳнамоӣ намуда, аз тамоми корҳои бад барҳазар доштаанд.
*******
Эзоҳ:
Ин бахш барои ҳифз кардан оятҳо ва фаҳмидани маънои он аст.

Бахши тафсир17

С 1: Сураи Фотиҳаро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Фотиҳа ва тафсири он:
🎧 (Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон 1 🎧 Сипос махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст. 2 🎧 Бахшандаи меҳрубон аст. 3 🎧 Молики рӯзи ҷазост. 4 🎧 [Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. 5 🎧 Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон]. 6 🎧 Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд. 7) (Сураи Фотиҳа, оятҳои 1-7)
Тафсир:
Ин сура бинобар он ки китоби Аллоҳ Таъоло бо он оғоз ёфтааст, "Фотиҳа" номгузорӣ шудааст.
1. (Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон 1) Ба номи Аллоҳ тиловати Қуръонро оғоз мекунам. Бо ёрии Ӯ Таъоло ва табаррук ҷустан ба зикри номи Ӯ.
- (Аллоҳ) яъне: Маъбуди барҳақ, касе ҷуз Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло ба ин исм номида намешавад.
- (Бахшанда) яъне: Дорои раҳмати густарда, Он ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст.
- (Меҳрубон) яъне: Он ки барои муъминон меҳрубон ва дорои раҳмат аст.
2. (Сипос махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст 2) Яъне: Ҳама гуна ситоиш ва камол танҳо аз они Аллоҳ аст.
3. (Бахшандаи Меҳрубон аст 3) яъне: Дорои раҳмати густардае, ки ҳама чизро фаро гирифтааст ва дорои раҳмати хоссе, ки барои муъминон аст.
4. (Молики рӯзи ҷазост 4): рӯзи қиёмат.
5. ([Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем). Яъне: Танҳо Туро ибодат мекунем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем.
6. (Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон] 6): ки он ҳидоят ба сӯи Ислом ва суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст.
7. (Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд 7) Яъне: Роҳи бандагони солеҳи Аллоҳ, паёмбарон ва пайравонашон, на роҳи насрониён ва яҳудиён.
- Ва суннат аст, ки баъд аз тиловати он "Омин" бигӯед. Яъне: дуои моро истиҷобат бикун.

С 2: Сураи Залзаларо бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Залзала ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд 1 🎧 Ва замин борҳои сангинашро берун резад 2 🎧 Ва инсон мегӯяд: "Он [замин]-ро чӣ шудааст?" 3 🎧 Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад 4 🎧 Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст 5 🎧 Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад 6 🎧 Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад 7 🎧 Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад 8) (Сураи Залзала, оятҳои 1-8)
Тафсир:
1. (Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд 1): Ҳаргоҳ замин ба шиддат биҷунбад, ҷунбидане, ки дар рӯзи қиёмат рух медиҳад.
2. (Ва замин борҳои сангинашро берун резад 2): Ва замин ончиро, ки дар шиками худ дорад, аз мурдагон ва ғайри онро берун андохт.
3. (Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?» 3): Ва инсон дар ҳайрат афтода гӯяд: Заминро чи шуда бошад, ки чунин меҷунбад ва меларзад?!
4. (Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад 4): Дар он рӯзи бузург замин аз ҳарчи некӣ ва бадӣ бар он карда шудааст, хабар медиҳад.
5. (Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст 5): Зеро Аллоҳ Таъоло онро аз ин огоҳ сохтааст ва ба он амр кардааст.
6. (Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад 6): Дар он рӯзи бузург, ки замин ба ларза медарояд, мардум гурӯҳ-гурӯҳ аз макони ҳисобу китоб берун меоянд, то ин ки амалҳои дар дунё кардаашонро мушоҳида намоянд.
7. (Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад 7): Пас ҳар ки ба андозаи мурчае амали нек карда бошад, онро дар назди худ хоҳад ёфт.
8. (Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад 8): Ва ҳар ки ба андозаи мурчае амали бад карда бошад, онро дар назди худ хоҳад ёфт.

С 3: Сураи Одиётро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Одиёт ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд 1 🎧 Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд 2 🎧 Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд 3 🎧 Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд 4 🎧 Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд 5 🎧 Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст 6 🎧 Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст 7 🎧 Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад 8 🎧 Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд? 9 🎧 Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад 10 🎧 Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст 11) (Сураи Одиёт, оятҳои 1-11)
Тафсир:
1. (Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд 1): Аллоҳ Таъоло ба аспҳои давандае қасам ёд мекунад, ки аз шиддати давиданашон садои нафасҳои онон ба гӯш мерасад.
2. (Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд 2): Ва Аллоҳ ба аспҳое савганд ёд кард, ки бо бархурди сумҳояшон ба сангҳо ва аз шиддати ин бархӯрд оташ меафрӯзад.
3. (Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд 3): Ва ба аспоне савганд ёд кард, ки ба ҳангоми субҳ ба душманон ҳамла мекунанд.
4. (Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд 4): Бо давиданашон чангу хок меафкананд.
5. (Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд 5): Пас ҳамроҳ бо саворони худ дар миёни гурӯҳи душманон ворид шаванд.
6. (Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст 6): Албатта, инсон он хайреро, ки Парвардигораш барояш мехоҳад , боз медорад.
7. (Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст 7): Ва ӯ бар ин боз доштанаш аз хайр гувоҳ аст ва ба далели равшании он наметавонад онро инкор кунад.
8. (Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад 8): Ва ин ки ӯ аз шиддати муҳаббаташ ба молу сарват бухл меварзад.
9. (Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд? 9): Оё он инсон, ки фирефтаи зиндагии дунё шудааст, намедонад, ки ҳаргоҳ он чи дар қабрҳо аст барангехта шавад ва мурдагон ба сӯи сарзамини ҳисоб берун оянд, кор онгунае, ки тасаввур мекунанд нахоҳад буд?
10. (Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад 10): Ва ниятҳо ва эътиқодот ва дигар чизҳое, ки дар дилҳо аст равшану ошкор хоҳад гашт.
11. (Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст 11): Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳ аст ва чизе аз амри бандагонаш аз Ӯ пинҳон нахоҳад буд ва онҳоро бар ин асос подош ва ҷазо хоҳад дод.

С 4: Сураи Қориаро бихонед ва тфасир кунед.

Ҷ: Сураи Қориъа ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ( [Он] Фурукӯбанда 1 🎧 [Он] Фурукӯбанда чист? 2 🎧 Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист? 3 🎧 Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд 4 🎧 Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд 5 🎧 Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад 6 🎧 [Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд 7 🎧 Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад 8 🎧 Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст 9 🎧 Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист? 10 🎧 Оташе аст сӯзон [ва шуълавар] 11) (Сураи Қориъа, оятҳои 1-11)
Тафсир:
1. ([Он] Фурукӯбанда 1): Яъне, аз шиддати даҳшати қиёмат дилҳои мардум ба ларза медароянд.
2. ([Он] Фурукӯбанда чист? 2): Қиёмат чӣ гуна рӯзест, ки аз шиддати даҳшаташ дилҳои мардум ба ларза медарояд?!
3. (Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист? 3): Ва ту - эй Паёмбар - чи медонӣ, ки ин соат, ки дилҳои мардумро аз шиддати тарс мекӯбад, чист? Он рӯзи қиёмат аст.
4. (Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд 4): Рӯзе, ки дилҳои мардум кӯбида мешаванд, монанди парвонаҳои пароканда дар ҳар сӯ хоҳанд буд.
5. (Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд 5): Ва кӯҳҳо дар сабукӣ ва ҳаракаташон монанди пашми задашуда хоҳанд буд.
6. (Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад 6): Аммо он кас, ки аъмоли некаш бар кирдори бадаш болотар бошад.
7. ([Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд 7): Пас ӯ дар зиндагии хуше хоҳад буд, ки дар биҳишт ба он мерасад.
8. (Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад 8): Ва аммо касе, ки бадиаш аз аъмоли некаш болотар бошад.
9. (Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст 9): Яъне ҷойгоҳаш дар рӯзи қиёмат ҷаҳаннам аст.
10. (Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист? 10): Яъне, эй Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ту намедонӣ, ки он (Ҳовия) чист?
11. (Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]11): Он оташи сахт сӯзон ва шуълавар аст.

С 5: Сураи Такосурро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Такосур ва тафсири он.
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт 1 🎧 То [поёни] коратон ба гӯристон расид 2 🎧 Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист 3 🎧 Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист 4 🎧 Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед] 5 🎧 Савганд, ки дузахро хоҳед дид 6 🎧 Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид 7 🎧 Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд 8) (Сураи Такосур, оятҳои 1-8)
Тафсир:
1. (Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт 1): Эй мардум! Ифтихор кардан дар амволу фарзандон шуморо аз тоати Аллоҳ боз дошт.
2. (То [поёни] коратон ба гӯристон расид 2): То ин ки вафот кардед ва ба қабрҳои худ даромадед.
3. (Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист 3): Барои шумо лоиқ нест, ки ин ифтихор кардан шуморо аз тоати Аллоҳ боз дорад. Шумо ба зудӣ хоҳед донист, ки оқибати ин тафохур ва дур будан аз тоати Аллоҳ чӣ гуна аст.
4. (Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист 4): Сипас оқибати онро хоҳед донист.
5. (Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед] 5): Дар ҳақиқат агар яқин медонистед, ки ба назди Аллоҳ барангехта хоҳед шуд ва шуморо барои амалҳоятон подош хоҳад дод, ҳаргиз машғули фахрфурушӣ барои амволу фарзандони худ намешудед.
6. (Савганд, ки дузахро хоҳед дид 6): Савганд ба Аллоҳ, албатта, дар рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннамро хоҳед дид.
7. (Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид 7) Барои бо чашми сар диданатон ҳеҷ ҷои шакку тардиде вуҷуд надорад.
8. (Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд 8): Сипас Аллоҳ дар рӯзи қиёмат аз шумо дар бораи неъматҳое, ки барои шумо дода буд, аз ҷумла саломатӣ, молу сарват ва дигар неъматҳо хоҳад пурсид.

С 6: Сураи Асрро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Аср ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Савганд ба аср 1 🎧 Ки инсон дар зиён аст 2 🎧 Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд 3) (Сураи Аср, оятҳои 1-3)
Тафсир:
1. (Савганд ба аср): Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба замон (вақт) савганд ёд кардааст.
2. (Ки инсон дар зиён аст 2): Яъне, ҳар инсоне дар нуқсон ва ҳалок аст.
3. (Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд 3): Яъне, магар онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба ҳақ даъват карданд ва бар он сабр кардаанд. Ин гурӯҳ аз зиён наҷот ёфтагонанд.

С 7: Сураи Ҳумазаро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Ҳумаза ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе! 1 🎧 [Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард 2 🎧 Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад 3 🎧 Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд 4 🎧 Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист? 5 🎧 Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст 6 🎧 [Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад] 7 🎧 Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосираашон карда] аст 8 🎧 [Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст 9) (Сураи Ҳумаза, оятҳои 1-9)
Тафсир:
1. (Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе! 1): Азоби сахт гиребонгири касе аст, ки бисёр ғайбат мекунад ва ба мардум таъна мезанад.
2. ([Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард 2): Касе, ки ягона кораш андӯхтани сарват ва шумориши он аст, кори дигаре надорад.
3. (Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад 3): Ин гуна шахс гумон мекунад, ки сарвати ҷамъкардааш ӯро аз марг наҷот медиҳад ва имкон медиҳад, ки дар дунё абадӣ бимонад.
4. (Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд 4): На, ончунон нест, ки он нодон тасаввур мекунад, балки бешак ӯро дар оташи ҷаҳаннам меандозанд, оташе, ки ҳар чизе дар он андохта шавад, аз шиддати хушунаташ, дар ҳам мешиканад ва мерезад.
5. ( Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист? 5): Яъне, туро (эй Паёмбар) кӣ огоҳ сохт аз ин оташе, ки ҳар чизеро, ки ба он андохта мешавад, мешиканад?!
6. (Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст 6): Дар ҳақиқат, он оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст.
7. ([Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад] 7): Ки аз баданҳои мардум гузашта ба дилҳояшон роҳ меёбад.
8. (Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосираашон карда] аст 8): Он оташ барои касоне аст, ки дар он азоб мекашанд, баста аст.
9. ([Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст 9): Дар сутунҳои дароз, то натавонанд аз он берун оянд.

С 8: Сураи Филро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Фил ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? 1 🎧 Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод? 2 🎧 Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод 3 🎧 [Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд 4 🎧 Пас, онҳоро ҳамчун коҳи хойидашуда сохт 5) (Сураи Фил, оятҳои 1-5)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? 1): Оё надонистӣ, эй Паёмбар, Парвардигорат бо Абраҳа ва асҳобаш, ки соҳибони фил буданд, ҳангоме ки мехостанд Каъбаро вайрон кунанд, чӣ кард?
2. (Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод? 2): Аллоҳ Таъоло тадбир ва нақшаи бади ононро барбод дод ва он чи умед доштанд, яъне дур кардани мардум аз Каъбаро, ба даст наоварданд.
3. (Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод 3): Яъне Аллоҳи Мутаъол бар болои сари онҳо паррандагонеро фиристод, ки гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд.
4. ([Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд 4): Парандагон он сангҳоеро, ки (бар сари Абраҳа ва лашкараш) меандохтанд, гилҳои хушкшуда буданд.
5. (Пас, онҳоро ҳамчун коҳи хойидашуда сохт 5): Яъне, Аллоҳ лашкари Абраҳаро мисли баргҳои зироате, ки ҳайвонҳо хӯрда ва поймол кардаанд, гардонд.

С 9: Сураи Қурайшро бихонед ва тафсир кунед.

Сураи Қурайш ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш 1 🎧 [Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом] 2 🎧 Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд 3 🎧 Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд 4) (Сураи Қурайш, оятҳои 1-4)
Тафсир:
1. (Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш 1): Мурод аз ин гуфта ин аст, (ки аҳли Қурайш дар як сол ду сафари бисёр муҳим доштанд) онҳо ба ин сафарҳо одат карда буданд (ва ба воситаи онҳо фоидаҳои зиёде медиданд.)
2. ([Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом] 2): (Онҳо) Дар зимистон ба Яман ва дар тобистон ба Шом дар бехатарӣ ва амон сафар мекарданд.
3. (Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд 3): Пас Аллоҳи ягона Парвардигори ин байтулҳаромро ибодат кунанд, ки ин сафарҳоро барояшон осон кард ва ҳеҷ касро шарики Ӯ насозанд.
4. (Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд 4): Ӯ (Аллоҳи Мутаъол) аз гуруснагӣ наҷоташон дод ва онҳоро таом дод ва аз тарс эминашон сохт ва барояшон амният бахшид. Ва ин (ҳама неъмат) ба сабаби эҳтиром ва бузургдошти ҳарам ва сокинонаш дар дили арабҳо буд.

С 10: Сураи Моъунро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Моъун ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мепиндорад, дидаӣ? 1 🎧 Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад 2 🎧 Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад 3 🎧 Пас, вой бар намозгузорон! 4 🎧 Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд 5 🎧 Касоне, ки худнамоӣ мекунанд 6 🎧 Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд 7) (Сураи Моъун, оятҳои 1-7)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мепиндорад, дидаӣ? 1): Оё он касеро, ки рӯзи қиёмат ва савоби он рӯзро инкор мекунад, шинохтӣ?
2. (Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад 2): (Рафтори) он кас (чунин) аст, ки бо хушунат ятимро меронад ва ниёзашро бароварда намесозад.
3. (Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад 3): На худашро ва на дигаронро ба таъом додани камбағалон ташвиқ намекунад.
4. (Пас, вой бар намозгузорон! 4): Пас ҳалок ва азоб бар намозгузорон.
5. (Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд 5): Онон, ки аз намози худ ғофиланд ва ба намозашон аҳамият намедиҳанд, то ин ки вақташ ба поён расад.
6. (Касоне, ки худнамоӣ мекунанд 6): Онон бо намозу аъмоли худ, худнамоӣ мекунанд ва аъмоли худро холисона барои Аллоҳ анҷом намедиҳанд.
7. (Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд 7): Ва аз ёри расондан ба дигарон мамониат мекунанд, ҳатто агар чизе аз онон кам нашавад.

С 11: Сураи Кавсврро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Кавсар ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо ба ту хайри бениҳоят ато кардем 1 🎧 Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун 2 🎧 Бе тардид, душманат [аз ҳамаи хайроту баракот бебаҳра ва] бурида аст 3) (Сураи Кавсар, оятҳои 1-3)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо ба ту хайри бениҳоят ато кардем 1): Эй Паёмбар! Мо ба ту неъматҳои фаровоне додем ва аз ҷумлаи он дарёи Кавсар дар биҳишт аст.
2. (Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун 2): Аллоҳро барои ин неъмат шукр бигӯ, танҳо барои Ӯ дуо ва намоз бигузор ва қурбонӣ бикун, баръакси мушриконе, ки ба бутҳои худ қурбонӣ мекунанд.
3. (Бе тардид, душманат [аз ҳамаи хайроту баракот бебаҳра ва] бурида аст): Касе, ки аз ту нафрат дорад, он касест, ки аз ҳама некиҳо дур шуда, фаромӯш шудааст ва агар зикр шавад, бо нияти бад зикр хоҳад шуд.

С 12: Сураи Кофируно бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Кофирун ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! 1 🎧 Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам 2 🎧 Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед 3 🎧 Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд 4 🎧 Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд 5 🎧 [Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам 6) (Сураи Кофирун, оятҳои 1-6)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! 1): Бигӯ (эй Паёмбар!) эй касоне, ки ба Аллоҳ кофир шудаед!
2. (Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам 2): Ман он бутҳоеро, ки шумо мепарастед, на ҳозир ва на дар оянда ибодат хоҳам кард.
3. (Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед 3): Шумо ҳам он чиро, ки ман мепарастам, яъне Аллоҳи ягонаро, намепарастед.
4. (Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд 4): Яъне, он чиро, ки шумо мепарстед аз бутҳо, ман намепарастам.
5. (Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд 5): Ва шумо ҳам он чиро ки ман мепарастам, яъне Аллоҳи ягонаро, намепарастед.
6. ([Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам 6): Шумо дини худро доред, ки барои худ ихтироъ кардаед ва ман дини худро дорам, ки Аллоҳ бар ман нозил кардааст.

С 13: Сураи Насрро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Наср ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ Таъоло ва пирӯзӣ фаро расад 1 🎧 Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ Таъоло дохил мешаванд 2 🎧 Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 3) (Сураи Наср, оятҳои 1-3)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ Таъоло ва пирӯзӣ фаро расад 1): Эй Паёмбар! Ба ёд ор, ҳангомеро, ки ёрии Аллоҳ барои динат фаро расид ва онро бо иззат гардонид ва фатҳи Макка рӯй дод.
2. (Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ Таъоло дохил мешаванд 2): Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ вориди ислом мешаванд.
3. (Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 3): Бидон, ки ин нишонаи поёнёбии рисолатест, ки ба он фиристода шудаӣ ва нишонаи наздик шудан ба аҷал ва лиқои Парвардигорат аст. Пас Парвардигоратро ҳамду ситоиш бигӯ ва шукри неъмати пирӯзиро бикун ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ. Зеро Ӯ омурзанда ва тавбапазир аст ва бандагонашро мебахшад.

С 14: Сураи Масадро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Масад ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 (Бурида бод ҳар ду дасти Абулаҳаб ва ҳалок бод! 1 🎧 Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид 2 🎧 Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад 3 🎧 Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад] 4 🎧 Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост 5) (Сураи Масад, оятҳои 1-5)
Тафсир:
1. (Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст 1): Ҳалок бод (хушк бод) дастони амаки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Абулаҳаб ибни Абдулмутталиб ба сабаби ба зиёни амалаш. Зеро ӯ Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро озору азият медод ва талошҳояш бенатиҷа буданд.
2. (Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид 2): Молу фарзандонаш барои ӯ чӣ кор карданд? Онҳо ӯро на аз ҷазо бозмедоранд ва на барояш раҳмате ҷалб карданд.
3. (Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад 3): Рӯзи қиёмат дар оташи шуълаваре медарояд ва аз гармӣ ва ҳарорати он азоб мекашад.
4. (Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад] 4): Ва ҳамсараш Умми Ҷамил, ки бо андохтани хорҳо дар роҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро озору азият медод, низ вориди оташ мешавад.
5. (Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост 5): Дар гарданаш ресмони сахт ва мустаҳкаме аст, ки бо он ба сӯи оташ кашида мешавад.

С 15: Сураи Ихлосро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Ихлос ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1 🎧 Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2 🎧 На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3 🎧 Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4) (Сураи Ихлос, ояти 1-4)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1): Бигӯ (эй Паёмбар) Ӯ Аллоҳ ва маъбуд аст ва маъбуди дигаре ҷуз Ӯ нест.
2. (Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2) Яъне, ниёз ва ҳоҷатҳои мардум ба сӯи Ӯ бардошта мешаванд.
3. (На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3): Бинобар ин Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло на фарзанде дорад ва на аз касе зода шудааст.
4. (Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4): Ва дар миёни махлуқоташ касе монанди Ӯ нест.

С 16: Сураи Фалақро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Фалақ ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1 🎧 Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2 🎧 Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3 🎧 Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4 🎧 Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5) (Сураи Фалақ, ояти 1-5)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1): Бигӯ (эй Паёмбар) ба Парвардигори субҳ паноҳ мебарам ва аз Ӯ ёрӣ меҷӯям.
2. (Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2): Аз бадии махлуқоти Ӯ, ки озору зиён мерасонанд.
3. (Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3): Ва паноҳ мебарам ба Аллоҳ аз ҳама бадиҳое, ки дар шаб зуҳур мекунанд, монанди ҳайвонот ва дуздон.
4. (Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4): Ва паноҳ мебарам ба Ӯ аз шарри занҳои ҷодугаре, ки дар гиреҳҳо дам мекунанд.
5. (Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5): Ва аз шарри шахсе, ки ҳасад меварзад ва мардумро барои неъматҳое, ки Аллоҳ ба онҳо арзонӣ доштааст, мавриди ҳасодат қарор медиҳад ва хоҳони заволи он неъматҳо аз онон мешавад, ба Аллоҳ паноҳ мебарам.

С 17: Сураи Носро бихонед ва тафсир кунед.

Ҷ: Сураи Нос ва тафсири он:
🎧 Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
🎧 ( [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1 🎧 Фармонравои мардум 2 🎧 Маъбуди мардум 3 🎧 Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4 🎧 Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5 Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6 (Сураи Нос, оятҳои 1-6)
Тафсир:
1. ([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1): Бигӯ (эй Паёмбар) ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам аз Ӯ ёрӣ меҷӯям.
2. (Фармонравои мардум 2): Чӣ гунае бихоҳад дар онҳо тасарруф мекунад ва молику соҳибе ҷуз Ӯ надоранд.
3. (Маъбуди мардум 3): Ӯ маъбуди ҳақиқии онҳост ва ғайр аз Ӯ маъбуде надоранд.
4. (Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4): Аз шарри шайтон, ки дар дили мардум васваса меандозанд.
5. (Ҳамоне ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5): Яъне, шайтон васвасаи худро ба дили одамон меандозад.
6. (Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6): Яъне, васвасакунанда метавонад аз одамон бошад ё аз ҷинҳо.
*******

Бахши ҳадис14

Ҳадиси аввал: С 1: Ҳадиси "Ҳамоно корҳо ба ният вобастагӣ дорад..." - ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои ин ҳадисро зикр кунед.

Aз Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: аз Паёмбари Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: "Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар касро мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад; ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ, ба сӯйи Аллоҳ ва расули Ӯ бошад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва расули Ӯст. Ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба сӯйи зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чиз аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Ҳама амалҳо ният доранд, аз ҷумла намоз, рӯза, ҳаҷ ва дигар амалҳо.
2. Бояд нияти амал холисона барои Аллоҳ Таъоло бошад.

Ҳадиси дувум: С 2: Ҳадиси "Ҳар кас дар кори мо навоварӣ кунад ..." - ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз модари муъминон Умми Абдуллоҳ Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Манъи навоварӣ дар дин.
2. Амалҳои навпайдо (ва воридшуда) дар дин мардуд ва қобили қабул нестанд.

Ҳадиси севум: С 3: Ҳадиси "Дар ҳоле, ки назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Рўзе мо назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногаҳон марде бо либосҳои ниҳоят сафед ва мӯйи сараш ниҳоят сиёҳ сӯйи мо омад, ки асаре аз (гарду ғубори) сафар бар вай дида намешуд ва касе (аз мо низ) ӯро намешинохт. Вай рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳояшро ба зонуҳои он ҳазрат такя дод, кафи дастонашро болои ронҳояш гузошта гуфт: "Эй Муҳаммад, маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Ислом он аст, ки шаҳодат бидиҳӣ, ки нест ҳеҷ маъбуде бар ҳақ, ҷуз Худо ва Муҳаммад паёмбари Худо аст; ва намоз бигузорӣ; ва закоти мол бидиҳӣ; ва рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ; ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар бар он тавоноии роҳ дошта бошӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар, Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: "Мо тааҷҷуб кардем аз он мард, ки худ суол мекарду боз мегуфт: "Рост гуфтӣ". Он мард гуфт: "Акнун маро аз имон хабар деҳ!". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ ва ба китобҳои Ӯ ва ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират бовар дошта бошӣ; ва ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар кунӣ». Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ. Акнун маро аз эҳсон хабар деҳ!" Гуфт: «Эҳсон он аст, ки Худоро чунон парастиш кунӣ, ки Ӯро мебинӣ. Ва агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад». Он мард гуфт: "Пас аз омадани рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Гуфт: «Дар ин бора ҷавобдиҳанда аз суолдиҳанда донотар нест». Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро хабар деҳ!" (Паёмбар, (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «Он, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд; ва он, ки фақирони бараҳна, бенаво ва чӯпонони камбағал ҳам дар иморатсозӣ бо ҳамдигар сабқат кунанд». Сипас он мард бархосту рафт. Пас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) андаке хомӯш истоду ба ман гуфт: «Эй Умар! Оё медонӣ, ки ин марди суолкунанда кӣ буд?» Умар гуфт: "Худову паёмбараш беҳтар медонанд". Гуфт: «Ба дурустӣ, вай Ҷабраил буд, ки омад, то ба шумо динатонро биомӯзонад». Ривояти Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Аркони панҷгонаи Ислом дар ин ҳадис зикр шудааст, ки онҳо:
- Гувоҳи додан, ки маъбуди барҳаққе нест магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст. (Ло илоҳа илла Аллоҳ, Муҳаммадур-расулуллоҳ).
- Барпо доштани намоз.
- Пардохтани закот.
- Рӯза гирифтани моҳи Рамазон.
- Ва ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ (Каъба).
2. Аркони шашгонаи Имон дар ин ҳадис зикр шудааст, ки онҳо иборатанд аз:
- Имон ба Аллоҳ.
- Фариштагони Ӯ
- Китобҳои Ӯ.
- Паёмбарони Ӯ.
- Рӯзи қиёмат.
- Ва тақдири некӣ ва бадӣ.
3. Зикри рукни эҳсон ва он як рукн аст ва ба ин маъно аст, ки Аллоҳро чунон бипарастед, ки Ӯро мебинӣ ва агар Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад.
4. Вақти барпо шудани қиёматро касе ғайр аз Аллоҳ намедонад.

Ҳадиси чаҳорум: С 4: Ҳадиси "Комилтарини муъминон аз рӯи имон .."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Комилтарини муъминон аз назари имон - неку ахлоқтарини онон ҳастанд." Тирмизӣ ин ҳадисро "ҳасан саҳеҳ" гуфтааст.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Ташвиқ ба ахлоқи неку.
2. Камоли ахлоқ аз камоли имон аст.
3. Имон кам ва зиёд мешавад.

Ҳадиси панҷум: С 5: Ҳадиси "Ҳар кас ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст." Ривояти Тирмизӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:

- Савганд хӯрдан ҷуз ба номи Аллоҳи Мутаъол ҷоиз нест.
- Савганд ба ғайри Аллоҳи Мутаъол аз ҷумлаи ширки хурд аст.

Ҳадиси шашум: С 6: Ҳадиси " Касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки ман барояш маҳбубтар аз ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз дигарон бештар дӯст доштан воҷиб аст.
- Дӯст доштани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз камоли имон аст.

Ҳадиси ҳафтум: С 7: Ҳадиси "Касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки барои бародараш ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе аз фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусулмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

- Бар муъмин лозим аст, ки ҳар хайреро барои худ дӯст медорад, барои дигар муъминон ҳам дӯст дорад.
- Ва он аз камоли имон аст.

Ҳадиси ҳаштум: С 8: Ҳадиси " Қасам ба он ки ҷонам дар дасти Ӯст ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Абусаъид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, ин (сура) баробари сеяки Қуръон аст." Ривояти Бухорӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Фазилати сураи Ихлос.
2. Он баробари сеяки Қуръон аст.

Ҳадиси нуҳум: С 9: Ҳадиси " Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ганҷе аз ганҷҳои биҳишт аст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Фазилати ин калима ва ин ки он ганҷе аз ганҷҳои биҳишт аст.
2. Безории банда аз нерӯву тавоноии хеш ва эътимоди комил танҳо ба Аллоҳи ягона.

Ҳадиси даҳум: С 10: Ҳадиси "Ҳамоно дар бадан гӯштпорае аст ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мегуфт: "Огоҳ бошед, ки дар бадан гӯштпоре аст, ки агар он солим бошад ҳамаи бадан солим аст ва агар фосид бошад, тамоми бадан фосид аст, огоҳ бошед, ки он дил аст." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Солим будани дил, солим будани зоҳир ва ботинро дар бар мегирад.
2. Ба солим будани дил аҳамият диҳед, зеро он солимии инсон аст.

Ҳадиси ёздаҳум: С 11: Ҳадиси "Ҳар касе охирин суханаш (дар дунё) Ло илоҳа илла Аллоҳ бошад ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе охирон суханаш дар дунё "Ло илоҳа илла Аллоҳ" бошад, ба биҳишт ворид мешавад." Ривояти Абудовуд.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Фазилати "Ло илоҳа илла Аллоҳ" ва ин ки банда ба сабаби он вориди биҳишт мешавад.
2. Ва фазилати касе, ки охирин суханаш дар дунё "Ло илоҳа илла Аллоҳ" бошад.

Ҳадиси дувоздаҳум: С 12: Ҳадиси "Муъмин на таъназан ва на нафринкунанда ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест." Ривояти Тирмизӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:

- Манъ аз ҳаргуна суханони қабеҳ ва дурӯғ.
- Ин худдорӣ, аз хислатҳои муъмин дар забонаш аст.

Ҳадиси сенздаҳум: С 13: Ҳадиси "Аз некии исломи шахс ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Яке аз нишонаҳои зебоии исломи шахс он аст, ки он чиро, ки бар вай фоида надорад, тарк намояд." Ривояти Тирмизӣ ва дигарон.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Инсон бояд корҳои динӣ ва дунявии дигаронро, ки ба ӯ рабте надорад, тарк намояд:
2. Тарки корҳое, ки ба ӯ рабте надорад, нишони комил будани исломи шахси мусалмон аст.

Ҳадиси чаҳордаҳум: С 14: Ҳадиси "Ҳар кас ҳарфе аз китоби Аллоҳро бихонад ..."-ро ба итмом расонед ва баъзе фоидаҳои онро зикр кунед.

Ҷ: Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст, ман намегӯям, алиф, лом, мим як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст." Ривояти Тирмизӣ.
Аз фоидаҳои ҳадис:

1. Фазилати тиловати Қуръони Карим.
2. Ва инки бо хондани ҳар ҳарфе аз он подошҳое дарёфт хоҳи кард.
*******

Бахши одоби исломӣ27

Адаб бо Аллоҳ Таъоло: С 1: Адаб бо Аллоҳ Таъоло чӣ гуна аст?

Ҷ: 1. Бузургдошти Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мушрикон Аллоҳро чунон ки сазовори Ӯст, арҷ наниҳоданд, ҳол он ки дар рӯзи қиёмат замин яксара дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо ба дасти Вай дарҳампечида хоҳад шуд. Поку муназзаҳ аст Аллоҳ Таъоло ва аз он чи бо вай шарик месозанд, бартар аст.) (Сураи Зумар, ояти 67)
2. Танҳо ва бешарик ибодат кардани Ӯ. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: "Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд;" (Сураи Байина, ояти 5)
3. Итоат кардан аз Ӯ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Эй муъминон, ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбар итоат кунед." (Сураи Муҳаммад, ояти 33)
4. Тарки гуноҳ. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Ва ҳар ки аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш нофармонӣ намояд ва аз ҳудуди Ӯ таҷовуз кунад, вайро дар оташе ворид мекунад, ки ҷовидона дар он хоҳад монд ва барояш азоби хоркунанда [дар пеш] аст) (Сураи Нисо, ояти 14)
5. Шукру ситоиши Аллоҳ Таъоло бар фазлу неъматҳои бешумораш. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (... ва агар фақат Ӯро мепарастед, бар неъмати илоҳӣ шукр гузоред.) (Сураи Наҳл, ояти 114).
6 Сабр дар баробари он чи Ӯ муқаддар кардааст. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: "Сабрро пеша созед, ҳамоно Аллоҳ бо сабркунандагон аст." (Сураи Анфол, ояти 46).

Риояти адаб бо Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): С 2: Риояти адаб бо Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чӣ гуна аст?

1. Иқтидо ва пайравӣ кардан аз ӯ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад.) (Сураи Аҳзоб, ояти 21).
2. Итоат аз ӯ.
3. Тарки сарпечӣ аз амри ӯ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ Таъоло итоат кардааст ва ҳар ки рӯйгардон шавад, [аз ӯ андуҳгин мабош, эй паёмбар, зеро Мо ҳаргиз] туро бар онон нигаҳбон [-у муроқиб] нафиристодаем.) (Сураи Нисо, ояти 80).
4. Тасдиқ ва бовар кардани ӯ дар он чи хабар додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд 3 [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест 4) (Сураи Наҷм, ояти 3-4)
5. Адами бидъатовари бо афзудан бар суннати ӯ. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст." Муттафақун алайҳи.
6. Ӯро бештар аз худ ва ҳама мардум дӯст доштан. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам." Муттафақун алайҳи.
7. Бузургдошти ӯ ва ёриву пуштибонӣ аз суннати ӯ. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (То [шумо мардум] ба Аллоҳ Таъоло ва Паёмбараш имон биёваред ва [дини] Ӯро ёрӣ кунед ва бузургаш доред.) (Сураи Фатҳ, ояти 9).

Риояти адаб бо падару модар: С 3: Риояти адаб бо падару модар чӣ гуна мешавад?

Ҷ: 1. Итоат аз падару модар дар ғайр аз гуноҳ.
2. Хидмати падару модар.
3. Ёрӣ ба падару модар .
4. Бароварда сохтани эҳтиёҷоти падару модар.
5. Дуо кардан ба падару модар.
6. Дар муомила бо онҳо хушгуфтор ва хушмуомила будан, "уфф" нагуфтан ба онон, яъне камтарин сухани ношоиста.
7. Табассум ва лабханд задан дар рӯ ба рӯи падару модар ва туршрӯй накардан.
8. Садоямро аз садои падару модар боло намебарам ва ба онҳо гӯш медиҳам ва сухани онҳоро қатъ намекунам ва бо номҳояшон онҳоро садо намекунам, балки "падарам ва модарам" гуфта садояшон мекунам.
9. Агар падару модарам дар утоқ бошанд, пеш аз даромадан ба наздашон иҷозат мепурсам.
10. Бӯсидани даст ва сари волидайн.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ 23 Ва аз рӯйи меҳрубонӣ боли фурӯтанӣ ва тавозуатро барояшон фуруд ор ва бигӯ: «Парвардигоро, ҳамон гуна ки [бар ман раҳмат оварданд ва] дар кӯдакӣ парваришам доданд, [Ту низ] ба онон раҳмат овар» 24) (Сураи Исро оятҳои 23-24).
- Ва дар ҳадис омадааст, ки марде назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омад ва аз ӯ барои ҷиҳод рафтан иҷозат пурсид, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё падару модар дорӣ?" Гуфт: бале, Фармуданд: "Пас барои онҳо ҷиҳод кун" (яъне, хидмати онҳоро ба ҷо биёр). Ривояти Тирмизӣ.

Одоби пайванди хешовандӣ: С 4: Чӣ гуна пайванди хешовандиро барпо дорам?

Ҷ: 1. Дидори хешовандон, хусусан бародар, хоҳар, амак, амма, тағоӣ хола ва дигар хешовандон.
2. Некӣ кардан ба онон бо гуфтор ва кирдор ва ёрӣ расондан ба онон.
3. Аз ҷумла, бо онҳо тамос гирифтан ва аз аҳволашон пурсидан.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй мунофиқон] Оё [ҷуз ин] интизор доред, ки агар [аз Қуръону суннати паёмбараш] рӯй бигардонед, дар замин табоҳӣ кунед ва аз хешовандонатон бибуред?) (Сураи Муҳаммад, ояти 22).
- Ва дар ҳадис омадааст: "Касе, ки риштаи хешовандиро қатъ мекунад вориди биҳишт намешавад". Ривояти Муслим.

Одоби бародарӣ дар роҳи Аллоҳ: С 5: Ҳамроҳи дӯстону бародаронам чӣ гуна бошам?

Ҷ: Некукоронро дӯст медорам ва бо онон дӯстӣ мекунам.
2. Аз бадон ва дӯстӣ бо онон дурӣ меҷӯям. Дар ҳадис омадааст: "Ба ҷуз муъмин бо касе дӯстӣ макун ва таоматро танҳо шахси солеҳ бихӯрад." Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд.
3. Бо бародаронам даст дода салом мекунам. Дар ҳадис омада аст, ки: "Ҳеҷ ду мусалмоне нест, ки бо якдигар дидор кунанд ва бо ҳам дастфишорӣ кунанд, магар ин ки пеш аз ҷудо шуданашон Худованд гуноҳонашонро мебахшад." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.
4. Агар бемор шуданд ба аёдаташон меравам ва барояшон дуо мекунам, ки шифо ёбанд.
5. Ба атса зананда "Аллоҳ раҳмату мағфиратат кунад" мегӯям.
6. Агар ба зиёраташ даъватам кард, даъваташро мепазирам. Дар ҳадис омадааст, ки: "Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад." Муттафақун алайҳи.
7. Ӯро насиҳат мекунам. Дар ҳадис омадааст, ки: "Ҳар кас бародарашро ба коре тавсия диҳад, дар ҳоле бидонад, ки дурусташ чизи дигаре аст, ба ӯ хиёнат кардааст." Ривояти Абудовуд.
8. Агар болояш зулм шавад кумакаш мекунам ва аз зулм кардан боз медорамаш. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Бародаратро хоҳ золим бошад ё мазлум, нусрат ва ёрӣ бидеҳ." Марде гуфт: Эй Паёмбари Аллоҳ, агар мазлум бошад ӯро ёрӣ медиҳам, аммо агар золим бошад, чӣ гуна ӯро ёрӣ диҳам? Фармуданд: "Ӯро аз зулм боз дор - ё боз медорӣ - ва ин ёрӣ додани ӯст." Ривояти Бухорӣ.
9. Ҳар чизе барои худ дӯст дорам, барои бародари мусалмонам ҳам дӯст медорам. Дар ҳадис аз Анас (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусулмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст." Муттафақун алайҳи.
10. Агар ба кумакам ниёз дошта бошад, ӯро кумак мекунам. Дар ҳадис омадааст, ки: "Аллоҳ бандаро ёрӣ медиҳад, модоме ки банда дар ҳоли ёрии бародараш бошад." Ривояти Муслим.
11. На бо сухан ва на бо рафторам ба ӯ зиён намерасонам. Дар ҳадис омадааст: "Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасташ дар амон бошанд." Муттафақун алайҳи.
12. Сирри ӯро нигоҳ медорам. Дар ҳадис омадааст, ки: "Агар мард сухане гӯяд ва ин тарафу он тараф нигоҳ кунад, пас суханаш амонат аст." Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд.
13. Ӯро дашном намедиҳам, ғайбат намекунам, таҳқир намекунам, ҳасад намебарам, айбҳояшро ҷустуҷӯ намекунам ва фиребаш намедиҳам.
Дар ҳадис омадааст, ки: "Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ ситам намекунад, таҳқир намекунад, паст намезанад, ҳамин бадӣ барои инсон басанда аст, ки бародари мусалмонашро кӯчак шуморад." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Одоби ҳамсоягӣ: С 6: Одоби муомила бо ҳамсоя чӣ гуна аст?

Ҷ: 1. Бо ҳамсояҳоям дар гуфтору кирдорам некӣ мекунам ва агар ба кумак ниёз пайдо карданд, кумак мекунам.
2. Ба муносибатҳои хурсандӣ, монанди тӯй, ид онҳоро табрик мегӯям.
3. Агар бемор бошанд ба аёдаташон меравам ва агар мусибате ба онҳо бирасад, таъзияташон мегӯям.
4. Ба қадри имкон ҳар таоме омода кардам барояшон пешкаш мекунам.
5. Бо сухан ё рафторам ба онҳо зиён намерасонам.
6. Бо садои баланд ба онҳо халал намерасонам ва аз паси онҳо ҷосусӣ намекунам ва бар онҳо сабр мекунам.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед ва ба падару модар некӣ кунед ва [низ] ба хешовандону ятимон ва тиҳидастону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи ғайри хешованд ва ҳамнишину [мусофири] дар роҳмонда ва [канизону] бардагоне, ки молики онҳо ҳастед [некӣ кунед ва бидонед, ки] яқинан, Аллоҳ Таъоло касеро, ки мутакаббир ва фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад.) (Сураи Нисо, ояти 36).
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Эй Абузар, агар шӯрбо пухтӣ обашро зиёдтар андоз ва ба ҳамсоягонат бидеҳ." Ривояти Муслим.
- Дар ҳадис аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст: "Ҳар ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба ҳамсояаш озор нарасонад." Муттафақун алайҳи.

Одоби меҳмондорӣ: С 7: Одоби меҳмон ва меҳмондорӣ чист?

Ҷ: 1. Агар касе манро ба меҳмонӣ даъват кард, даъваташро мепазирам.
2. Агар ба аёдати касе рафтани шавам иҷозат ва вақти муносибро аз ӯ мепурсам.
3. Пеш аз ворид шудан иҷозат мепурсам.
4. Дар рафтан ба наздаш таъхир намекунам.
5. Чашмони худро аз аҳли хонавода поин нигоҳ медорам.
6. Меҳмонро бо хушҳолӣ истиқбол мегирам ва ӯро бо чеҳраи кушода ва беҳтарин суханони хушомадӣ пешвоз мегирам.
7. Меҳмонро дар беҳтарин ҷой мешинонам.
8. Ӯро бо хӯрданӣ ва нӯшиданӣ меҳмоннавозӣ ва эҳтиром мекунам.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳое ҷуз хонаҳои худ ворид нашавед, магар ин ки иҷозат бигиред ва бар аҳли он [хона] салом кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред.) (Сураи Нур, ояти 27).
- Ва дар ҳадис омадааст, ки: "Ҳамоно Аллоҳ иҷозат хостанро барои (ҳифзи) нигоҳ қарор додааст." Муттафақун алайҳи.
- Ва фармудаи Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва-с-салом) аст, ки: "Ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, меҳмонашро гиромӣ дорад." Муттафақун алайҳи.

Одоби беморӣ: С 8: Одоби беморӣ ва аёдати бемор чист?

Ҷ: 1. Ҳангоме дардеро эҳсос мекунам, дасти ростамро ба ҷои дард мегузорам ва се бор мегӯям: " Бисмиллоҳ (Ба номи Аллоҳ)" сипас ҳафт маротиба ин дуоро мехонам: "Аъузу биъиззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру (Паноҳ мебарам ба иззат ва қудрати Худо аз шарри он чизе, ки ёфтаам ва метарсам)".
2. Ба тақдири илоҳӣ розӣ мешавам ва сабр мекунам. Дар ҳадис аз Умми Ъало омадааст, ки гуфт: Ҳангоме ки бемор будам Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба аёдатам омад ва фармуд: "Мужда бод бароят эй Умми Ъало, зеро бемории мусалмон гуноҳонашро аз байн мебарад, чунон ки оташ чиркиниҳои тилло ва нуқраро аз байн мебарад." Ривояти Абудовуд.
3. Ба аёдати бародари беморам мешитобам ва барояш дуо мекунам ва дар наздаш муддати зиёд намешинам.
4. Ӯро дуо мехонам, бидуни он ки аз ман бихоҳад.
5. Ӯро ба сабру дуо, намозу таҳорат дар ҳадди тавонаш тавсия медиҳам.
6. Дуо барои бемор: "Асъалуллоҳ ал-ъазим раббал-ъаршил-ъазим ан яшфияка" (Аз Аллоҳи бузург, Парвардигори арши бузург мехоҳам, ки туро шифо диҳад) ҳафт бор.

Одоби талаби илм: С 9: Одоби талаби илм чист?

Ҷ: Ихлоси ният ба Аллоҳ Таъоло. Дар ҳадис омадааст: "Ҳар ки ба хотири он илм омӯзад, ки то дар баробари олимон худнамоӣ кунад ё бо аблаҳон рақобат кунад ва ё таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намояд, Аллоҳ ӯро ба ҷаҳаннам мефиристад." Ривояти Ибни Моҷаҳ.
2. Бо илме, ки омухтаам амал мекунам. Дар ҳадис омадааст: " Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷой таккон намехӯранд, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида шавад: (аз ҷумлаи онҳо).. аз илмаш пурсида мешавад, ки бо он чӣ кардааст." Ривояти Тирмизӣ ва Доримӣ.
3. Муаллимро дар ҳузур ва ғиёбаш эҳтиром мекунам.
4. Дар наздаш боадабона мешинам.
5. Бо диққат ӯро гӯш мекунам ва суханашро қатъ намекунам.
6. Ҳангоми савол додан боадабона савол медиҳам.
7. Ӯро бо номаш садо намекунам.
- Дар ҳадис омадааст, ки: "Ҳамоно аз ҷумлаи бузургдошти Аллоҳ, эҳтироми мӯйсафед ва ҳофизи Қуръон аст." Ривояти Абудовуд.

Одоби ҷамъомад ё нишаст: С 10: Одоби ҷамъомадҳо чист?

Ҷ: 1. Бар аҳли ҷамъомад салом медиҳам.
2. Ҳар ҷое, ки бароям фароҳам бошад, менишинам ва ҳеҷ касро аз ҷояш намехезонам ва дар байни ду нафар бе иҷозат наменишинам.
3. Барои нишастан ба дигарон ҷой медиҳам.
4. Ба суҳбати ҷамъомад халал намерасонам.
5. Пеш аз баромаданам аз ҷамъомад иҷозат мепурсам ва салом медиҳам.
- Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз ин ки шахсеро аз ҷояш бархезонанд ва шахси дигаре ба ҷояш бинишинад, наҳй карданд, балки барои якдигар ҷойро кушод кунед ва боз кунед." Ривояти Бухорӣ.
- Дар ҳадис омадааст, ки: "Агар яке аз шумо ба ҷамъомаде ворид шуд, салом диҳад ва ҳаргоҳ хост, ки бархезад, боз салом диҳад, зеро (саломи) аввал сазовортар аз (саломи) охир нест." Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд.
6. Вақто ки ҷамъомад ба поён мерасад, дуои каффораи маҷлисро мехонам, ки он чунин аст: "Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ан ло илоҳа илло Анта, астағфирука ва атубу илайка."

Одоби хоб: С 11: Одоби хоб чист?

Ҷ: 1. Барвақт хоб мекунам. Ба далели ин ҳадис: "Аз Абубарза (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хоби пеш аз хуфтан ва суҳбату гуфтугӯ баъд аз онро зишт мешумурданд." Ривояти Бухорӣ.
2. Бо таҳорат мехобам.
3. Бар болои шикам намехобам.
4. Дасти ростамро зери рухсораи ростам гузошта, бар паҳлуи рост мехобам.
5. Рахтхобамро метаконам.
- Дар ривояте аз Баро ибни Ъозиб ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ хости ба рахтхобат биравӣ, чунон ки барои намоз таҳорат мекунӣ, таҳорат бикун, сипас бар паҳлуи рости худ бихоб." Ривояти Бухорӣ.
- Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мардеро диданд, ки бар шикам хобидааст, фармуданд: "Ин хобидане аст, ки Аллоҳ онро дӯст надорад." Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад.
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо (барои хобидан) ба бистараш рафт, бистари худро бо даруни ҷомааш такон диҳад, зеро намедонад пас аз ӯ чӣ онҷо будааст." Ривояти Бухорӣ.
6. Зикрҳои хобро мехонам ва Оятулкурсиро ҳамроҳи сураи Ихлос ва муъавизатайн мехонам, сипас мегӯям: "Бисмика Аллоҳумма амуту ва аҳё."
7. Барои намози бомдод аз хоб мехезам.
8. Пас аз бедор шудан мегӯям: "Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ аҳёно баъда мо амотано ва илайҳи-н-нушур."

Одоби таом: С 12: Одоби хӯрокхӯрӣ чист?

Ҷ: 1. Бо хӯрдану нӯшиданам ният мекунам, ки барои тоати Аллоҳ Таъоло тавонои ҳосил кунам.
2. Шустани дастон пеш аз тановули таом.
- Дар ҳадис аз Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ хӯрдан ва нӯшидан мехост, дастонашро мешуст, сипас мехурд ва менушид." Ривояти Аҳмад.
3. "Бисмиллоҳ" гуфта, бо дасти рост ва аз назди худам мехӯрам. Аз мобайни табақ ё аз назди дигар кас намехӯрам.
- Ба далели ин ҳадис: "Эй навҷавон, Бисмиллоҳ бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи ба ту наздиктар аст, бихӯр." Муттафақун алайҳи.
4. Агар "Бисмиллоҳ" гуфтанро фаромӯш кардам, "Бисмиллоҳи аввалуҳу ва охируҳу" мегӯям.
- Бинобар ҳадиси модари мӯъминон Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо таом хӯрд, бисмиллоҳ бигӯяд, агар дар аввал фаромӯш кард, дар охир бигӯяд: Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳи ва охириҳи." Яъне, ба номи Аллоҳ дар аввал ва охираш. Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад.
5. Аз ғизое, ки дорам, қаноатмандам ва аз таоме айб намегирам. Агар писандам омад мехӯрам ва агар писандам набошад, тарк мекунам.
- Бинобар ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷгоҳ таомеро айб нагирифт, агар писандаш меомад, мехӯрд, ва гар на, намехӯрд." Муттафақун алайҳи.
6. Чанд луқмае мехӯрам ва пурхӯрӣ намекунам.
- Дар ҳадис омадааст, ки: "Одамӣ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст, бар инсон чанд луқмае, ки нерӯяшро нигоҳ дорад кофӣ аст ва агар нафсаш бар ӯ ғолиб шуд, пас як севум барои таом ва як севум барои об ва як севум нафаскашӣ бошад." Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.
7. Дар таом ё об пуф намекунам, мегузорам, ки худаш сард шавад.
- Дар ҳадис омадааст: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам аз пуф кардан дар ғизо ва нӯшиданӣ наҳй кардааст." Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷаҳ.
8. Ҳамроҳ бо дигарон таъом мехӯрам, бо оила ё меҳмон.
- Марде ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
гуфт: Мо мехӯрем, вале сер намекунем. Фармуданд: "Шояд аз ҳам ҷудо таом мехӯред? Дар гирди таъом ҷамъ шавед ва номи Аллоҳро зикр кунед, то ин ки барои шумо дар он баракат дода шавад." Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ.
9. Пеш аз дигарон, ки аз ман бузургтаранд ба хӯрдан шурӯъ намекунам.
10. Ҳангоми нӯшидан "Бисмиллоҳ" мегӯям ва нишаста, дар се дафъа менӯшам ва дар дохили зарф нафас намекашам.
- Дар ҳадис омадааст: "Ҳаргоҳ яке аз шумо бинӯшад, дар зарф нафас накашад." Муттафақун алайҳи.
- Ва дар ҳадиси Анас (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз истода нӯшидан наҳй кардааст." Ривояти Муслим.
- Ва дар ҳадиси дигар омадааст, ки: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо се нафас менӯшиданд." Ривояти Муслим.
11. Ҳангоме ки хӯрдану нӯшиданро ба охир расондам, Аллоҳро шукр (Алҳамду лиллоҳ) мегӯям.
- Дар ҳадис омадааст: "Худованд аз бандае, ки чун таъом хӯрд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад." Ривояти Муслим.

Одоби либос: С 13: Одоби либос чист?

Ҷ: 1. Пӯшидани либосамро бо дасти ростам оғоз мекунам ва Аллоҳро барои он шукр мегӯям.
- Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ либос пӯшидед ва вузӯ гирифтед, аз рост оғоз кунед." Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
2. Либосамро аз буҷулакҳои пойҳоям дароз намекунам.
- Дар ҳадис омадааст: "Он (миқдор) аз либос, ки аз каъбайн поёнтар бошад, дар оташ аст." Ривояти Бухорӣ. Каъбайн, ду устухони барҷаста дар ду тарафи пойҳо аст.
3. Писарҳо либоси духтарӣ ва духтарҳо либоси писарона намепӯшанд.
- Дар ҳадис омадааст: "Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алйҳи ва саллам) мардеро, ки либоси занона мепӯшад ва занеро, ки либоси мардона мепӯшад, лаънат кардаанд." Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
4. Ба либоси кофирону бадахлоқон тақлид накардан.
- Бинобар ин ҳадис: "Ҳар ки худро ба қавме монанд созад аз онҳо аст." Ривояти Абудовуд.
5. Ҳангоми баровардани либосҳо "Бисмиллоҳ" гуфтан.
- Дар ҳадис омадааст: "Парда миёни одамизод ва ҷинҳо ин аст, ки ҳангоме либоси худро дармеоварад, "Бисмиллоҳ" мегӯяд." Ривояти Табаронӣ ва Ибни Абишайба.
6. Бо пои рост пӯшидани кафшҳо ва ҳангоми кашидан аввал пои чапро баровардан.
- Бинобар ҳадиси модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: " Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медошт, ки дар пӯшидани кафш, шона кардан, вузӯ гирифтан ва дар ҳама корҳояш аз рост оғоз кунад." Ривояти Бухорӣ.

Одоби савор шудан: С 14: Одоби савор шудан чист?

Ҷ: 1. "Бисмиллоҳ, алҳамду лиллоҳ" мегӯям. (Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем 13 Ва мо ба пешгоҳи Парвардигорамон бозмегардем 14) (Сураи Зухруф, оятҳои 13-14).
2. Агар аз назди мусалмоне гузарам ба ӯ салом медиҳам.

Одоби роҳ: С 15: Одоби роҳ чист?

Ҷ: 1. Дар роҳ рафтанам муътадил ва мутавозеъ мебошам. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва дар замин бо такаббур роҳ нарав. Ту ҳаргиз наметавонӣ [бо роҳ рафтани ғуруромезат] заминро бишкофӣ ва дар баландӣ [ва гарданфарозӣ низ] ба кӯҳҳо намерасӣ.) (Сураи Исро, ояти 37).
2. Касе аз рӯ ба рӯям барояд барояш салом медиҳам.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд, ки кадом (амал дар) Ислом беҳтар аст? Фармуданд: " Таъом бидиҳӣ ва ба касоне, ки бишиносӣ ё нашиносӣ салом диҳӣ." Муттафақун алайҳи.
3. Нигоҳамро ҳифз мекунам ва ба касе зарар намерасонам.
4. Ба кори нек амр мекунам ва аз кори бад боз медорам. Дар ҳадис аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд: "Ҳаққи роҳро бидиҳед" Гуфтанд: Ҳаққи роҳ чист? Фармуданд: "Ҳифзи нигоҳ, дурӣ аз зарар расондан, посух додани салом, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст." Муттафақун алайҳи.
5. Зарарро аз роҳ дур мекунам.
-Дар ҳадис омадааст: "Ва аз роҳ дур кардани зарар садақа аст." Муттафақун алайҳи.

Одоби даромадан ва баромадан аз хона: С 16: Одоби даромадан ва баромадан аз хона чист?

Ҷ: 1. Бо пои чапам мебароям ва мегӯям: "Бисмиллоҳи таваккалту ъалаллоҳ, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан азилла ав узалла, ав азилла ав узалла, ав азлима ав узлама, ав аҷҳала ав юҷҳала ъалайя."
2. Бо пои рост вориди хона мешавам ва мегӯям: "Бисмиллоҳи валаҷно ва бисмиллоҳи хараҷно ва ъало раббино таваккално"
3. Аввал мисвок мекунам, сипас бо аҳли хонавода салом мекунам.
- Дар ҳадис омадааст: "Ҳангоме ки вориди хона мешуд аз мисвок шуруъ мекард." Ривояти Ибни Моҷаҳ.

Одоби қазои ҳоҷат (дастшӯйи): С 17: Одоби қазои ҳоҷат чист?

Ҷ: 1. Бо пойи чапам вориди дастшӯйи мешавам.
2. Пеш аз ворид шуданам мегӯям: "Бисмиллоҳ, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-хубси вал-хабоис."
3. Чизеро, ки дар он зикри Аллоҳ аст, дастшӯйӣ намедарорам.
- Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ вориди хало (қазои ҳоҷат) мешуданд, ангуштаринашонро (ки дар он номи Аллоҳ буд) берун меоварданд." Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ.
4. Дар вақти қазои ҳоҷат худро аз чашми мардум мепӯшонам.
- Дар ҳадис омадааст: "Бештарин чизе, ки Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дӯст доштанд ҳангоми қазои ҳоҷат худро махфӣ кунанд, тепаҳо ва анбуҳи нахлҳо (дарахт) буд." Ривояти Муслим.
5. Дар ҷои қазои ҳоҷат гап намезанам.
6. Дар ҳолати қазои ҳоҷат (пешоб ё ҳоҷат) рӯй ба қибла ва пушт ба қибла намегардонам.
- Бинобар сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд: "Ҳангоми ҳоҷат ва пешоб кардан рӯй ба сӯи қибла накунед, балки ба тарафи шарқ ё ғарб рӯй бигардонед." Муттафақун алайҳи.
7. Барои шустани наҷосат дасти чапамро ба кор мебарам ва аз дасти рост истифода намекунам.
- Ба далели ин ҳадис, ки: "Моро наҳй карданд ..., аз ин ки бо дасти рост истинҷо кунем." Ривояти Муслим.
8. Дар роҳ ва сояи мардум қазои ҳоҷат намекунам.
- Ба далели ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуданд: "Аз ду коре, ки сабаби лаънати мардум ба инсон мешавад, эҳтиёт кунед" Гуфтанд: он ду кор чист эй Расули Аллоҳ? Фармуданд: "Он ки дар роҳи мардум ё дар сояи онҳо қазои ҳоҷат мекунад." Ривояти Муслим.
9. Баъд аз қазои ҳоҷат дастонамро мешӯям. Дар ҳадиси Ҷарир (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: Ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам, пас ба хало рафт ва қазои ҳоҷат кард ва сипас гуфт: "Эй Ҷарир, бароям об биёр" пас барояш об овардам ва бо он истинҷо кард ва сипас дасташро ба замин молид. Ривояти Насоӣ.
10. Бо пои ростам мебароям ва мегӯям: "Ғуфронака".

Одоби масҷид: С 18: Одоби масҷид чист?

Ҷ: 1. Бо пои ростам ба масҷид медароям ва мегӯям: "Бисмиллоҳ, Аллоҳумма ифтаҳ лӣ абвоба раҳматика".
2. Нанишаста, аввал ду ракаъат намоз (таҳияи масҷид) бихонам.
- Дар ҳадис омадааст: "Ҳаргоҳ яке аз шумо ба масҷид даромад, то ду ракаат намоз нагузорад, нанишинад." Муттафақун алайҳи.
3. Аз пеши намозгузорон намегузарам. Дар масҷид гумшударо эълон намекунам ва хариду фурӯш намекунам. Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва-с-салом) фармуданд: "Шахсе, ки аз пеши намозгузор мегузарад, агар медонист (чӣ гуноҳе) бар ӯст, чиҳил (сол) мунтазир меистод, барояш беҳтар аз он буд, ки аз пеши намозгузор бигзарад." Муттафақун алайҳи.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе шунавад, ки марде дар масҷид чизи гумшударо эълон мекунад, бигӯяд: "Аллоҳ онро ба ту бознагардонад", зеро масҷидҳо ба ин мақсад сохта нашудаанд." Ривояти Муслим.
- Дар ҳадис омадааст: "Агар дар масҷид касеро бинед, ки хариду фурӯш мекунад, бигӯед: "Худованд савдои шуморо судманд нагардонад." Ривояти Тирмизӣ ва Доримӣ.
4. Ба назофати масҷид аҳамият медиҳам.
- Дар ҳадис аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки дар маҳаллаҳо масҷидҳо бино шавад ва онҳоро покиза ва хушбӯй кунанд." Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд ва Аҳмад.
5. Аз масҷид бо пои чапам берун меоям ва мегӯям: "Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика".

Одоби салом: С 19: Одоби салом чист?

Ҷ: 1. Дар ҳоли бо мусалмоне рӯ ба рӯ шудан нахуст ба ӯ салом медиҳам, ин гуна: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Дар аввал сухане ба ғайр аз салом намегӯям ва танҳо бо дастам -бидуни салом гуфтан- ишора намекунам.
2. Ба шахсе, ки салом медиҳам, табассум мекунам. Дар ҳадис омадааст: "Ҳеҷ кори хайреро кӯчак машумор, ҳатто агар бо бародарат бо чеҳраи кушода рӯ ба рӯ шавӣ." Ривояти Муслим.
3. Ва бо дасти рост бо ӯ мусофаҳа мекунам.
4. Агар касе бароям хушомад гуфт, бо салом ва хушомади беҳтар ба ӯ посух мегӯям, ё ҳадди ақал монанди худаш салом мегӯям.
- Ба далели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд: ([Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло ҳамвора бар ҳар чизе ҳисобгар аст.) (Сураи Нисо, ояти 86).
5. Агар бо кофир рӯ ба рӯ шудам, аввал салом намедиҳам, агар бар ман салом гуфт, дар ҷавоб мегӯям: "ва алайкум" (яъне, бар шумо ҳам).
- Ба далели ин ҳадис: "Бо яҳудиён ва насрониён саломро оғоз накунед." Ривояти Муслим.
6. Ва хурд бар бузург, савора бар пиёда, пиёда бар нишаста ва кам бар бисёрӣ салом мегӯянд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Савора бар пиёда ва раванда бар нишаста ва кам бар бисёрӣ салом диҳад." Муттафақун алайҳи.
7. Бо зане, ки маҳрам нест, бо даст салом накардан.
- Дар ҳадис аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки гуфт: "Ба Аллоҳ савганд, ки дасти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷгоҳ ба дасти зане (номаҳрам) нарасидааст." Муттафақун алайҳи.

Одоби иҷозат пурсидан: С 20: Одоби иҷозат пурсидан чӣ гуна аст?

Ҷ: 1. Пеш аз ворид шудан ба ҷое иҷозат мепурсам.
2. Се бор иҷозат мепурсам, на бештар, сипас бармегардам.
Дар ҳадис омадааст:
"Ҳаргоҳ яке аз шумо се бор иҷозат хост ва ба ӯ иҷозат дода нашуд, баргардад." Муттафақун алайҳи.
3. Дарро ба нармӣ мезанам ва дар рӯ ба рӯи дар намеистам, балки аз тарафи рост ё чап меистам. Ва "Ассалому алайкум" мегӯям. Дар ҳадис омадааст, ки: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ назди дари хонае мерафт, дар рӯ ба рӯи он намеистод, балки дар кунҷи рост ё чап меистод ва "Ассалому алайкум, ассалому алайкум" мегуфт." Ривояти Абудовуд.
4. Бе иҷозат ба ҳуҷраи падару модарам ё дигар ҳуҷраҳо намедароям, махсусан пеш аз бомдод ё ҳангоми хоби нимрӯзӣ ё пас аз намози хуфтан.
- Ба делели ин сухани Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, бардагонатон ва касоне аз [кӯдакони] шумо, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд дар се вақт аз шумо иҷозат [-и вуруд] бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимрӯз – ҳангоме ки либосҳоятонро берун меоваред – ва пас аз намози хуфтан. [Ин] Се [вақт] ҳангоми хилвати шумост. Ба ҷуз ин [cе вақт] бар шумо ва бар онон ҳеҷ гуноҳе нест [ки бидуни иҷозат ворид шаванд, чаро ки] онон перомунатон дар рафту омаданд, [ва] бо якдигар [муошират мекунед]. Аллоҳ Таъоло инчунин оёт [-и худ]-ро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ Таъоло донои ҳаким аст) (Сураи Нур, ояти 58).
5. Метавонам бе иҷозат ба ҷойҳои ғайри маскунӣ, монанди бемористон ё фурӯшгоҳ ворид шавам.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Бар шумо гуноҳе нест, ки ба хонаҳои ғайримаскунӣ [ва маконҳои умумӣ], ки дар он ҷо [эҳтиёҷ ё] баҳрае доред, ворид шавед ва Аллоҳ Таъоло он чи ошкор месозед ва он чи пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад) (Сураи Нур, ояти 29)

Одоби меҳрубонӣ бо ҳайвонот: С 21: Одоби меҳрубонӣ бо ҳайвонот чӣ гуна аст?

Ҷ: 1. Ба ҳайвонот обу ғизо медиҳам.
- Дар ҳадис омадааст, ки: Гуфтанд: Эй Паёмбари Аллоҳ! Оё мо дар некӣ ба ҳайвонот подош мегирем? Фармуданд: "Дар ҳар ҷигари таре, аҷру савоб аст" (яъне, некӣ барои ҳар мавҷуди зинда аҷру савоб дорад). Муттафақун алайҳи.
- Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди шутуре гузашт, ки (аз шиддати гуруснагӣ) шикамаш ба пушташ часпида буд, фармуданд: "Дар бораи ин ҳайвонот аз Аллоҳ битарсед." Ривояти Абудовуд.
2. Меҳрубонӣ, шафқат ва маҷбур накардани ҳайвон ба коре, ки тавоноияшро надорад.
- Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва -с-салом) фармуданд: "Соҳиби ин шутур кист? Ин шутур азони кист? Як ҷавоне аз ансор пеш омад ва гуфт: Ин шутур аз ман аст эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: Оё дар бораи ин ҳайвоне, ки Аллоҳ ихтиёрашро ба ту додааст, наметарсӣ? Ин ҳайвон назди ман шикоят кард, ки уро гурусна медорӣ ва аз ҳад зиёд кораш мефармӣ." Ривояти Абудовуд ва Аҳмад. Хастааш мекунӣ, яъне беш аз тавонаш кораш мефармоӣ.
3. Ҳайвонотро ба ҳеҷ шакле озору шиканҷа намекунам.
- Дар ҳадис аз Ҷобир (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди харе гузашт, ки бар рӯяш доғ зада буданд, фармуданд: "Оё ба шумо нарасидааст, ки ман касеро, ки бар чеҳраи ҳайвон доғ занад ё ба рӯйи ҳайвон бизанадро, лаънат хондаам?" Пас аз ин кор наҳй карданд. Ривояти Муслим ва Абудовуд ва лафзи ҳадис аз ӯст.

Одоби варзиш: С 22: Одоби варзиш чист?

Ҷ: 1. Бо варзиш кардан парҳезкор (бо тақво) шуданро ният мекунам, то ин ки барои анҷоми тоати Аллоҳ ва дар роҳи розигии Ӯ боқувват шавам.
2. Вақти намоз бозӣ намекунем.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, вой бар намозгузорон! * Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд) (Сураи Моъун, оятҳои 4-5)
3. Писарон бо духтарон якҷо варзиш намекунанд.
4. Либоси варзишиеро мепӯшам, ки авратамро бипӯшонад.
5. Аз варзишҳои мамнуъ, аз қабили он варзишҳое, ки задан ба рӯй ва кашф кардани авратро дар бар мегирад, парҳез мекунам.
Дар ҳадис омадааст:
"Агар яке аз шумо бо бародараш мубориза кард, аз задан бар рӯй бипарҳезад." Ривояти Муслим.

Одоби шӯхӣ: С 23: Одоби шӯхӣ чист?

Ҷ: 1. Ростгӯйи дар ҳолати шӯхӣ кардан ва дуруӯғ нагуфтан.
- Дар ҳадис омадааст, ки: "Вой бар ҳоли касе, ки дурӯғ мегӯяд, то мардумро бихандонад, вой бар ӯ, вой бар ӯ." Ривояти Абудовуд, Аҳмад ва Тирмизӣ.
2. Шӯхӣ бояд аз киноя, тамасхур, зарар ва тарсондан холӣ бошад.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Барои мусалмон ҷоиз нест, ки мусалмони дигареро битарсонад." Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
3. Аз ҳад зиёд шӯхӣ накардан.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бисёр наханд, зеро хандаи бисёр дилро мемиронад." Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.

Одоби атса: С 24: Одоби атса задан чист?

Ҷ: 1. Пӯшондани даҳон бо даст, ҷома, рӯймолча ҳангоми атса задан.
2. Ин ки баъд аз атса задан "Алҳамду лиллоҳ" бигӯӣ.
3. Ва бояд бародар ё дӯсташ ба ӯ "Ярҳамука Аллоҳ" бигӯяд.
- Вақто ба ӯ инро гуфт, (атсазананда) дар посух "Яҳдикумуллоҳ ва юслиҳу болакум" бигӯяд.

Одоби хамёза: С 25: Одоби хамёза чист?

Ҷ: 1. Кӯшиши манъ кардани хамёза.
Дар ҳадис омадааст, ки: "Хамёза аз шайтон аст, пас чун яке аз шумо хамёзааш омад, то ҷое, ки метавонад аз он пешгири кунад." Муттафақун алайҳи.
2. "Оҳ , оҳ" гуфта овозро баланд накардан.
- Дар ҳадис омадааст: "Ва (ҳангоми хамёза) оҳ, оҳ, нагӯед, зеро ҳаргоҳ яке аз шумо даҳонашро (барои хамёза) боз кунад, шайтон ба ӯ механдад." Ривояти Аҳмад.
3. Гузоштани даст бар даҳон.
- Дар ҳадис омадааст, ки: "Ҳаргоҳ яке аз шумо хамёза кашид, бо дасташ даҳонашро бипӯшад, зеро шайтон - аз ин роҳ - ба бадани инсон медарояд." Ривояти Муслим.

Одоби тиловати Қуръон: С 27: Одоби тиловати Қуръон чист?

Ҷ: 1. Бо таҳорат тиловат кардан.
2. Бо адаб ва виқор нишаста тиловат кардан.
3. Дар оғози тиловат ба Аллоҳ аз шарри шайтон паноҳ мебарам. (Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, мегӯям).
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Пас, [эй муъмин] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, аз [шарри] шайтони рондашуда ба Аллоҳ Таъоло паноҳ бибар) (Сураи Наҳл, ояти 98).
4. Қуръонро бо тадаббур мехонам.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қуфлҳо[-и ғафлат] ниҳода шудааст?) (Сураи Муҳаммад, ояти 24).
*******

Одоби дуо: С 26: Одоби дуо чист?

Ҷ: 1. Оғоз кардан бо ҳамду ситоиши Аллоҳ Таъоло.
2. Салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
- Дар ҳадис аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки: "Ҳаргоҳ намоз хондӣ ва нишастӣ Аллоҳро чунонки шоиста аст ҳамду ситоиш бигӯ ва бар ман дуруд бифрист, сипас ба даргоҳи Ӯ дуо бикун." Ривояти Тирмизӣ.
3. Бардоштани дастон аснои дуо.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Парвардигори шумо Таборак ва Таъоло ҳайий ва карим аст, Ӯ ҳаё мекунад, ки бандааш дастонашро ба сӯи Ӯ бардорад ва онҳоро холӣ баргардонад." Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд.
4. Тавба ва эътироф ба гуноҳ.
- Дар Қуръони Карим дар дуои Мусо (Алайҳи-с-салом) омадааст: ([Сипас] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам, пас, маро бибахш» ва [Аллоҳ Таъоло] ӯро бахшид. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст). (Сураи Қасас, ояти 16)
5. Исрор дар дуо. Яъне, дуои зиёд ва такрор ба такрор.
6. Шитоб накардан дар иҷобати дуо.
7. Барои гуноҳ ва канда шудани пайванди хешутаборӣ дуо макун.
-Дар ҳадис омадааст: "Дуои банда то замоне ки дуои гуноҳ ва қатъи пайванди хешовандӣ накунад ва то он даме ки дар истиҷобати дуо шитоб накунад, мустаҷоб мешавад. Гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ, истиъҷол (шитоб) чист? Фармуданд: "Мегӯяд: "Дуо кардаму дуо кардам, вале надидам, ки маро иҷобат кардааст." Пас ноумед мешавад ва дуоро тарк мекунад." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
8. Паст кардани овоз дар вақти дуо.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: "[Эй муъминон] Парвардигоратонро ба зорӣ ва пинҳонӣ бихонед." (Сураи Аъроф, ояти 55).
9. Ҳузури дил дар вақти дуо кардан.
- Дар ҳадис омадааст: "Аллоҳро дуо кунед, дар ҳоле, ки яқин доред, ки дуоятон қабул мешавад. Ва бидонед, ки Аллоҳ дуоро аз дили ғофил ва парешон иҷобат намекунад." Ривояти Тирмизӣ.
10. Ихлос ба Аллоҳ Таъоло ва дархост аз Ӯ -ба танҳоӣ- дар ҳангоми сахтӣ ва рифоҳ.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед." (Сураи Ҷин, ояти 18).
11. Тавассул ба Аллоҳ Таъоло бо номҳои нек ва сифатҳои волои Ӯ.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ Таъоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед) (Сураи Аъроф, ояти 180)
12. Рӯй ба қибла кардан. Дар ҳадис омадааст: "(Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчунон ба даргоҳи Парвардигораш бо дастони баланд карда ва рӯ ба қибла фарёдхоҳӣ мекард, то ин ки ридояш аз китфонаш афтод." Ривояти Муслим.
13. Ҳалол ва пок будани таъому либос. Дар ҳадис омадааст, ки: "Сипас (Паёмбар Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёдовар шуд, ки сафари тӯлонӣ кардааст, парешон ва ғуборолуд ва дастонашро ба сӯи осмон дароз мекунад ва мегўяд: «Эй Парвардигор, эй Парвардигор», дар ҳоле ки таъомаш ҳаром, нӯшиданиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва аз чизҳои ҳаром ғизо гирифтааст. Пас, чӣ гуна дуои чунин шахсе пазируфта мешавад? " Ривояти Муслим.

Бахши ахлоқ30

С 1: Ахлоқи нек чӣ фазилат дорад?

Ҷ: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Комилтарини муъминон аз назари имон, неку ахлоқтарини онон ҳастанд." Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад.

С 2: Чаро мо одоби исломиро риоя мекунем?

Ҷ: 1. Зеро он сабаби касби муҳаббати Аллоҳ Таъоло аст.
Дар ҳадис омадааст:
"Маҳбубтарини бандагони Аллоҳ дар назди Аллоҳ Таъоло кӣ аст? Фармуд: Неку ахлоқтарини онон." Ривояти Ҳоким ва Табаронӣ.
2. Ва сабаби ба даст овардани муҳаббати бандагон аст.
3. Ва он вазнинтарин чиз дар тарозуи амалҳо аст.
- Дар ҳадис омадааст, ки: "Сангинтарин чиз дар тарозу рӯзи қиёмат, ахлоқи неку аст." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.
4. Аҷру савоб бо ахлоқи нек чанд баробар зиёд мешавад.
- Дар ҳадис омадааст: "Муъмин бо ахлоқи неки худ ба мартабаи касоне мерасад, ки шабҳо намоз мегузоранд ва рӯзҳо рӯза мегиранд." Ривояти Аҳмад.
5. Ахлоқ нишонаи камоли имон аст.
- Дар ҳадис омадааст: "Комилтарини муъминон аз назари имон, неку ахлоқтарини онон ҳастанд." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 3: Ахлоқро аз куҷо мегирем?

Ҷ: Аз Қуръони Карим. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ба ростӣ, ки ин Қуръон ба устувортарин роҳ ҳидоят мекунад). (Сураи Исро, ояти 9).
- Ва аз суннати набавӣ. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Барои ба камол расондани ахлоқи неку ва гиромӣ фиристода шудаам." Ривояти Аҳмад.

С 4: Ахлоқи "эҳсон" чист ва чӣ намунаҳое дорад?

Ҷ: Эҳсон - муроқиб донистани Аллоҳ Таъоло ба шакли доимӣ ва базли хайру некӣ дар ҳаққи офариниш.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаройина, Худованд бар ҳама чиз некию эҳсон карданро воҷиб гардонидааст." Ривояти Муслим.
Аз намунаҳои эҳсон:

- Эҳсон дар ибодати Аллоҳ Таъоло, бо ихлос варзидан дар ибодати Ӯ.
- Эҳсон нисбати падару модар, дар гуфтору рафтор.
- Эҳсон нисбати хешу табор.
- Эҳсон нисбат ба ҳамсоягон.
- Эҳсон нисбати ятимон ва мискинон.
- Эҳсон нисбат ба касе, ки ба ту бадӣ кардааст.
- Эҳсон дар баҳсу муноқиша.
- Эҳсон дар сухан.
- Эҳсон нисбат ба ҳайвонот.

с 5: Зидди эҳсон чист?

Ҷ: Зидди эҳсон бадӣ кардан аст.
- Ва аз ҷумлаи он тарки ихлос дар ибодати Аллоҳ Таъоло.
- Итоат накардан аз падару модар.
- Қатъи робитаи хешу таборӣ.
- Ҳамсоягии бад.
- Ба фақиру бечорагон некӣ накардан ва дигар гуфтору кирдорҳои бад.

С 6: Навъҳои амонат ва намунаҳои он кадом аст?

Ҷ: 1. Амонат дар муҳофизат аз ҳуқуқи Аллоҳ Таъоло.
Намунаҳои он:
Амонат дар адои ибодатҳо, монанди намоз, закот, рӯза, ҳаҷ ва дигар ибодатҳое, ки Аллоҳ Таъоло бар мо фарз гардонидааст.
2. Амонат дар муҳофизат аз ҳуқуқи бандагон:
- Аз ҷумла, муҳофизат аз ирзу номуси мардум.
- ва амволи онон.
- ва хунҳои онон.
- ва сирру асрори онон ва ҳамаи он чизе, ки дар наздат амонат гузоштаанд.
Аллоҳ Таъоло ҳангоми зикри сифоти растагорон мефармояд:
(Ва [дар зумраи муъминонанд] касоне, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд). (Сураи Муъминун, ояти 8).

С 7: Зидди амонат чист?

Ҷ: Хиёнат, (ки маънои) он зоеъ гардондани ҳуқуқи Аллоҳ Таъоло ва ҳуқуқи мардум аст.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, [бо сарпечӣ аз авомир ва навоҳӣ] ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбар хиёнат накунед ва [ҳамчунин] дар амонатҳои худ хиёнат накунед, дар ҳоле ки медонед [ин кор гуноҳ аст]). (Сураи Анфол, ояти 27).
- Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва-с-салом) фармуданд: "Нишонаҳои мунофиқ се чиз аст" - ва аз ҷумлаи он инро фармуданд, ки - "ва ҳаргоҳ ӯро амин бидонанд, хиёнат кунад." Муттафақун алайҳи.

С 8: Ахлоқи сидқу ростӣ чист?

Ҷ: Он хабар додан бар асоси воқеият аст, ё баёни ҳар чиз ба ҳамон шакле, ки ҳаст.
Ва аз намунаҳои он:

- Ростгӯӣ дар суҳбат бо мардум.
- Ростқавлӣ дар аҳду вафо.
- Ростқавлӣ дар ҳама гуфтору амал.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: " Ҳамоно, ростӣ ба некӣ ҳидоят мекунад ва некукорӣ ба сӯи биҳишт. Ва шахс (ҳамвора) рост мегӯяд, то ин ки (назди Аллоҳ) ростгӯ шинохта мешавад." Муттафақун алайҳи.

С 9: Зидди ростӣ чист?

Ҷ: Дурӯғ, яъне бар хилофи ҳақиқат сухан гуфтан. Аз ҷумлаи он дурӯғ гуфтан ба мардум, хилоф дар ваъда ва гувоҳӣ бардурӯғ додан аст.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: " Ва ҳамоно дурӯғ ба сӯи бадахлоқӣ мебарад ва бадахлоқӣ ба сӯи оташи дӯзах. Ва шахс (ҳамвора) дурӯғ мегӯяд, то ин ки назди Аллоҳ дурӯғгӯ навишта мешавад." Муттафақун алайҳи.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Нишонаҳои мунофиқ се чиз аст" - аз ҷумлаи он зикр кард - "чун сухан гӯяд, дурӯғ гӯяд ва чун ваъда диҳад, хилоф намояд." Муттафақун алайҳи.

С 10: Анвоъи сабр кадомҳоянд?

Ҷ: - Сабр бар тоати Аллоҳ Таъоло.
-Сабр дар баробари гуноҳ.
- Сабр дар баробари сарнавиштҳои дарднок ва ҳамду ситоиши Аллоҳ дар ҳама ҳолат.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва Аллоҳ сабркунандагонро дӯст медорад.) (Сураи Оли Имрон, ояти 146).
- Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва-с-салом) фармуданд: "Кори муъмин тааҷҷубовар аст, ҳамаи кор барояш хайр аст. Чунин ҳолат танҳо барои муъмин аст, чун агар хушие ба ӯ расад, шукр мегӯяд, ин барои ӯ хайр аст. Ва агар зиёне ба ӯ расад, сабр мекунад ва ин боз ҳам барои ӯ хайр мешавад." Ривояти Муслим.

С 11: Зидди сабр чист?

Ҷ: Бесабрӣ дар тоат, сабр накардан дар дурӣ аз гуноҳ ва норозӣ будан аз сарнавиштҳо бо гуфтору амал аст.
Аз намунаҳои он:

- Орзуи марг кардан.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳеҷ яке аз шумо ба сабаби зараре, ки ба ӯ расидааст, маргро орзу накунад, агар лозим ояд, бигӯяд: «Худоё, маро зинда нигаҳ дор, то замоне ки ҳаёт бар ман хайр аст ва агар марг бар ман беҳтар бошад, пас манро бимирон." Муттафақун алайҳи.
- Ба рухсора задан (замони мусибат).
- Либос дарондан.
- Парешон кардани мӯйҳо.
- Дуо кардан дар бораи ҳалокати худ.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)." Ривояти Бухорӣ.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамоно подоши бузург бо бало ва имтиҳони бузург аст. Ва агар Аллоҳ қавмеро дӯст дорад, ононро мавриди ибтило қарор медиҳад, пас ҳар ки розӣ шуд, розигӣ барои ӯст ва ҳар ки норозӣ бошад норозигӣ барои худи ӯст." Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.

С 12: Ахлоқи таъовун ва ҳамкорӣ чист?

Ҷ: Ҳамкорӣ ва кумаки мардум дар роҳи рост ва ҳақ аст.
Намунаҳои ҳамкорӣ:

- Ҳамкорӣ дар барқарорсозии ҳуқуқҳо.
- Ҳамкорӣ дар рафъи зулму ситам.
- Ҳамкорӣ дар бароварда сохтани ниёзҳои мардум ва бенавоён.
- Ҳамкорӣ дар ҳама корҳои нек.
- Ҳамкорӣ накардан дар гуноҳ, озор ва таҷовузу зиён.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ Таъоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло сахткайфар аст) (Сураи Моида, ояти 2).
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Муъмин барои муъмин (и дигар) монанди як сохтмон аст, ки ҳар як қисми он қисми дигарашро мустаҳкам мекунад." Муттафақун алайҳи.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ зулму ситам намекунад ва ӯро таслим намекунад. Ҳар кас, ки дар (роҳи рафъи) ниёзи бародараш бошад, Аллоҳ низ ниёзи ӯро рафъ мекунад ва ҳар кас, ки сахтиеро аз бародараш дур кунад, Аллоҳ низ як сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур мекунад. Ва ҳар кас, ки мусалмонеро бипӯшонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат ӯро мепӯшонад". Муттафақун алайҳи

с 13: Анвоъи ахлоқи ҳаё чист?

Ҷ: 1. Ҳаё кардан аз Аллоҳ Таъоло, яъне муртакиби гуноҳ нашудан бар Ӯ.
2. Ҳаё кардан аз мардум, аз ҷумла, тарки суханҳои қабеҳ ва кашфи аврат.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст, ва ҳаё шохае аз имон аст". Ривояти Муслим.

С 14: Намунаҳои ахлоқи раҳмату меҳрубонӣ кадом аст?

Ҷ: - Меҳрубонӣ ва эҳтироми пиронсолон.
- Меҳрубонӣ ва раҳмати кӯдакон ва хурдсолон. Дар ҳадис омадааст: "Ҳар ки бузургсолони моро эҳтиром ва хурдсолонамонро раҳм накунад, аз мо нест". Ривояти Аҳмад.
- Меҳрубонӣ нисбати фақир, бенаво ва ниёзманд.
- Меҳрубонӣ ва раҳмат нисбати ҳайвон бо таом додан ва озор надодани он.
Аз он ҷумла, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: "Муъминонро дар раҳмдилӣ, муҳаббат ва меҳрубонӣ нисбат ба якдигар мебинӣ, ки монанди як бадан ҳастанд, ки агар як узви он ба дард ояд, дигар аъзои бадан низ бо шаббедорӣ ва таб бо ӯ ҳамсадо мешаванд". Муттафақун алайҳи.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад". Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 15: Ахлоқи муҳаббат чӣ навъҳо дорад?

Ҷ: Муҳаббати Аллоҳ Таъоло.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст доранд) (Сураи Бақара, ояти 165)
- Муҳаббати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Савганд ба он ки ҷони ман дар дасти Ӯст, касе аз шумо имон намеоварад, то ин ки ман барои ӯ аз падар ва фарзандаш маҳбубтар бошам". Ривояти Бухорӣ.
Муҳаббати муъминон ва хайрхоҳӣ барои онон, ҳамонтавре ки барои худат хайр мехоҳӣ.
Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва -с-салом) мефармояд: "Ҳар кадоми шумо то он чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародар (-и мусулмонаш) низ дӯст надорад, ҳанӯз имон наовардааст". Ривояти Бухорӣ.

С 16: Кушодарӯйӣ чист?

Ҷ: Чеҳраи хушҳол, шодӣ, табассум, меҳрубонӣ ва хушҳолӣ ҳангоми мулоқот бо мардум аст.
Ва он акси туршрӯй будан дар рӯ ба рӯйи мардум аст, ки аз он нафрат мекунанд.
- Дар фазилати он ҳадисҳое омадааст, аз ҷумла: Аз Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт: "Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ". Ривояти Муслим.
- Ва Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Табассуми ту дар рӯйи бародарат садақа аст". Ривояти Тирмизӣ.

С 17: Ҳасад чист?

Ҷ: Орзуи аз байн рафтани неъмате, ки дигарон доранд, ё нахостани неъмат барои дигарон.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад). (Сураи Фалақ, ояти 5).
- Ва аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба якдигар бадбинӣ макунед, ба якдигар ҳасад набаред ва аз якдигар рӯй нагардонед ва (эй) бандагони Аллоҳ, бародари якдигар бошед". Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

С 18: Истеҳзо ва тамасхур чист?

Ҷ: Истеҳзо, яъне масхара кардану паст задани бародари мусалмон ва таҳқири ӯ аст, ки ин амал ҷоиз нест.
Аллоҳ Таъоло дар наҳй аз он мефармояд:
(Ҳаргиз набояд гурӯҳе [аз шумо] гурӯҳи дигареро масхара кунад; чи басо инон аз онон беҳтар бошанд; ва занон низ набояд занони дигарро масхара намоянд; чи басо инон аз онон бартар бошанд; ва аз якдигар айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо [-и зишт] хитоб накунед [ки ин кор мисдоқи нофармонӣ аз авомири илоҳӣ аст]; ва бадтарин вижагӣ [барои як мусулмон] ин аст, ки пас аз имон овардан [фисқу] нофармонӣ кунад; ва онон, ки тавба накунанд, [нисбат ба нафси хеш] ситамгоранд). (Сураи Ҳуҷурот, ояти 11).

С 19: Тавозуъ чист?

Ҷ: Тавозуъ он аст, ки инсон худро аз дигарон бартар намедонад ва дигаронро таҳқир ва ҳақро инкор накунад ва дар байни мардум хоксору фурутан мебошад.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва бандагони [муъмину шоистаи] Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо фурӯтанӣ [ва матонат] бар замин роҳ мераванд). (Сураи Фурқон, ояти 63). Яъне: Тавозуъкунандагон ва фурӯтанон.
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ кас барои Аллоҳ тавозуъро пеша насохт, магар ин ки Аллоҳ (мақоми) ӯро баланд сохт". Ривояти Муслим.
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ барои ман ваҳй кард, ки мутавозеъ ва фурӯтан бошед, то касе бар каси дигар фахр накунад ва касе бар ҳаққи дигаре таҷовуз накунад." Ривояти Муслим.

С 20: Анвоъи кибри ҳаром кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Такаббур варзидан бар ҳақ, яъне инкор кардани ҳақ ва саркашӣ аз қабули он аст.
2. Такаббур варзидан бар мардум, яъне таҳқири онон ва паст заданашон.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Касе, ки дар дилаш ба андозаи заррае такаббур бошад, вориди биҳишт намешавад." Марде гуфт: Чӣ мешавад агар шахс дӯст дорад либос ва кафшаш зебо бошад? Фармуданд: "Албатта, Аллоҳ зебо аст ва зебоиро дӯст медорад. Кибр, рад кардани ҳақ ва паст задани мардум аст." Ривояти Муслим.
- Батрул-ҳақ, яъне рад кардани (напазируфтани) ҳақ.
- Ғамтун-нос: таҳқир ва паст шумурдани мардум.
- Либоси зебо ва кафши зебо пӯшидан аз кибр нест.

С 21: Баъзе намудҳои фиреби ҳаром кадомҳоянд?

Ҷ: Фиреб кардан дар хариду фурӯш, ки он нуқсони маҳсулотро пинҳон кардан аст.
- Фиреб додан дар илм омӯзӣ, ба монанди фиреб додани донишҷӯён дар имтиҳонҳо.
- Фиреб кардан дар гуфтор, аз қабили шаҳодати бардурӯғ ва дурӯғ гуфтан.
- Вафо накардани ба ваъда ё аҳд бо мардум.
- Дар мавриди фиреб Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) (дар бозор) аз назди анбори маводи ғизоӣ мегузашт, дасташро ба он дохил кард ва чун дасташро баровард ангуштонаш тар шуданд, пас фармуданд: "Ин чист эй соҳиби ғизо", (фурӯшанда) гуфт: Борон ба ӯ расидааст эй Расули Аллоҳ! Фармуданд: "Намешуд инро дар болои маводи ғизоӣ мегузоштӣ, то мардум онро бубинанд? Касе, ки фиребкорӣ кунад аз мо нест." Ривояти Муслим.
Субра:
(дар лафзи арабии ҳадис омадааст) ба маънои "тӯда" аст, тӯдаи ғизо.

С 22: Ғайбат чист?

Ҷ: Зикри бародари мусалмонат дар ғиёбаш ба тарзе, ки барояш нописанд бошад.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва дар бораи якдигар таҷассусу ғайбат накунед; оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? [Ҳатман] Онро хуш надоред [ғайбат низ ба ҳамин зиштӣ аст]; аз Аллоҳ Таъоло парво кунед, ки Аллоҳ Таъоло тавбапазиру меҳрубон аст) (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12).

С 23: Намима чист?

Ҷ: Суханчинӣ, расондани суханони мардум ба якдигарашон ба қасди вайрон кардани робитаҳояшон.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Суханчин ба биҳишт ворид намешавад." Ривояти Муслим.

С 24: Танбалӣ чист?

Ҷ: Сустӣ дар анҷом додани кори нек ва ҳар коре, ки анҷом доданаш барои инсон воҷиб аст.
Аз ҷумла, танбалӣ ва сустӣ дар анҷоми амалҳои воҷиб.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Бе тардид, мунофиқон [бо дурӯғгӯӣ ва тазоҳурашон] бо Аллоҳ Таъоло фиребкорӣ мекунанд [ва ҳол он ки ба сазои рафторашон] Аллоҳ Таъоло фиребдиҳандаи ононаст; ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ ва коҳилӣ бармехезанд [ва] бо мардум риёкорӣ мекунанд ва Аллоҳро ҷуз андаке ёд намекунанд). (Сураи Нисо, ояти 142).
Бинобар ин муъмин бояд танбалӣ, сустӣ ва бефаъолиятиро тарк кунад ва дар зиндагӣ саъю кӯшиш кунад ва бо ғайрат бошад, то ин ки розигии Аллоҳро ба даст орад.

С 25: Анвоъи хашму ғазаб кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Ғазаби шоиста, ин хашму ғазаб ба хотири Аллоҳ аст. Ҳангоме ки кофирон, мунофиқон ва дигарон ҳаромкардаҳои илоҳиро поймол мекунанд.
2. Ғазаби номатлуб, ин хашме аст, ки инсонро водор ба коре ё гуфторе мекунад, ки шоиста нест.
- Дармони ғазаби ношоиста:
- Таҳорат кардан.
- (Шахси ғазаб карда) Агар рост истода бошад, нишинад ва агар нишаста бошад, такя занад.
- Амал кардан ба васияти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудаанд: "Ғазаб макун".
- Дар ҳолати хашмгин шудан, худро нигоҳ доштан.
-Паноҳ бурдан ба Аллоҳ аз шайтони раҷим. (Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, гуфтан).
- Хомӯш истодан.

С 26: Таҷассус ё ҷосусӣ чист?

Ҷ: Ҷустуҷӯ ва ошкор кардани он чизе, ки мардум пинҳон медоранд ва намехоҳанд касе аз он бохабар бошад.
Аз намунаҳои ҳароми ҷосусӣ:

- Нигоҳ кардан ба хусусиятҳои мардум дар хонаҳояшон.
- Бе огоҳии онҳо суҳбати мардумро гӯш кардан.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Таҷассус накунед ...) (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)

С 27: Исрофкорӣ чист? Бахилӣ чист? Саховатмандӣ чист?

Ҷ: Исрофкорӣ, сарф кардани мол дар ғайри ҷойгоҳи сазовори он. Ва акси он бахилӣ аст. Бахилӣ, худдорӣ аз сарфи мол дар ҷои шоистаи он.
Ва дурусташ он аст, ки байни ин ду бошад ва мусалмон бояд саховатманд бошад.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [муъминон] касоне ҳастанд, ки чун инфоқ менамоянд, на зиёдаравӣ мекунанд ва на сахтгирӣ ва байни ин ду [ҳолат роҳи] эътидол пеш мегиранд). (Сураи Фурқон, ояти 67).

С 38: Тарсончакӣ чист? Далерӣ чист?

Ҷ: Тарсончакӣ, яъне тарсидан аз чизе, ки аз он набояд тарсид.
Монанди тарсидан аз гуфтани ҳақиқат ё инкор кардани мункар.
Шуҷоат ва далерӣ, иқдом бар ҳақ, монанди пешӣ дар майдони ҷиҳод барои дифоъ аз Ислом ва мусалмонон.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар дуояшон мегуфтанд: "Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҷубн ..." (Бор илоҳо! ман аз тарсончакӣ ба суйи Ту паноҳ мебарам).
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ беҳтар ва маҳбубтар аз муъмини заиф аст ва дар ҳар як хайре ҳаст." Ривояти Муслим.

С 29: Баъзе ибораҳои лафзии ҳаром кадомҳоянд?

Ҷ: - Монанди: лаънат гуфтан, дашном додан.
- Ё монанди фалонӣ "ҳайвон" гуфтан ва дигар лафзҳои ба ин монанд.
- Ё бо ном бурдани номи аврат ва дигар суханони фаҳшу носазо.
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳамаи он чизҳо наҳй карда фармудааст: "Муъмин таъназананда, лаънаткунанда, дашномдиҳанда ва бадгуфтор (бешарм) нест." Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Ҳиббон.

С 30: Сабабҳое, ки ахлоқи мусалмонро неку мекунанд, кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Дуъо кардан барои он ки Аллоҳ ба ту ахлоқи нек ато кунад ва барои расидан ба онҳо кумак кунад.
2. Муроқиб донистани Аллоҳ Таъоло дар ҳама корҳо ва ин ки Ӯ туро медонад, мешунавад ва мебинад.
3. Ба ёд овардани подоши ахлоқи нек ва ин ки он сабаби ворид шудан ба биҳишт аст.
4. Ба ёд овардани оқибатҳои ахлоқи бад ва ин ки он сабаби ворид шудан ба ҷаҳаннам аст.
5. Ахлоқи нек муҳаббати Аллоҳ Таъоло ва муҳаббати офаридаҳои Ӯро ба вуҷуд меорад, дар ҳоле ки ахлоқи бад боиси бадбинии Аллоҳ ва бадбинии офаридаҳои Ӯ мешавад.
6. Хондани зиндагиномаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва пайравӣ аз ӯ.
7. Ҳамнишинӣ ва дӯсти бо некукорон ва дурӣ аз ҳамнишинӣ бо дӯстони бад.
*******
- Ва беҳтарин зикр он аст, ки дил ва забон ба он мувофиқат кунад.

Бахши дуоҳо ва зикрҳо43

С 1: Фазилати зикр чист?

Ҷ: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, монанди мисоли зиндаву мурда аст." Ривояти Бухорӣ.
- Зеро арзиши зиндагии инсон ба андозае аст, ки ӯ Аллоҳ Таъолоро зикр мекунад.

С 2: Баъзе аз фоидаҳои зикрро бигӯед?

Ҷ: 1. Сабаби розигии Аллоҳ аст.
2. Шайтонро дур мекунад.
3. Мусалмонро аз бадӣ ҳифз мекунад.
4. Сабаби ба даст омадани аҷру савоб аст.

С 3: Беҳтарин зикр кадом аст.

Ҷ: "Ло илоҳа илла-Аллоҳ". Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.

С 4: Ҳангоми аз хоб хестан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Алҳамду ллилоҳи-л-лазӣ аҳёно баъда мо амотано ва илайҳи-н-нушур." Муттафақун алайҳи.

С 5: Ҳангоми либос пӯшидан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ касонӣ ҳозо-с-савба ва разақаниҳӣ мин ғайри ҳавлин ва ло қувват." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва дигарон.

С 6: Вақти либос кашидан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Бисмиллоҳ." Ривояти Тирмизӣ.

С 7: Дуои пӯшидани либоси нав чист?

Ҷ: "Аллоҳумма лака-л-ҳамду Анта касавтаниҳи, асъалука хайраҳу ва хайра мо суниъа лаҳу ва аъузу бика мин шарриҳи ва шарри мо суниъа лаҳу." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 8: Дуо барои касе, ки либоси нав пӯшидааст чист?

Ҷ: Агар касеро дидӣ, ки либоси нав пӯшидааст, барояш ин дуоро мекунӣ: "Куҳнааш мекунӣ ва Аллоҳ Таъоло либоси дигареро ҷойгузинаш мекунад." Ривояти Абудовуд.

С 9: Дуои даромадан ба ҳоҷатхона, ки ҷои қазои ҳоҷат аст, чист?

Ҷ: "Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-хубси ва-л-хабоис" Муттафақун алайҳи.

С 10: Дуои баромадан аз ҳоҷатхона чист?

Ҷ: "Ғуфронака" Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 11: Пеш аз вузӯ гирифтан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Бисмиллоҳ." Ривояти Абудовуд ва дигарон.

С 12: Зикри баъд аз вузӯ кадом аст?

Ҷ: "Ашҳаду ал-ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу." Ривояти Муслим.

С 13: Зикри ҳангоми баромадан аз хона чист?

Ҷ: "Бисмиллоҳи таваккалту ала-Аллоҳи ва ло ҳавлу ва ло қуввата илло биллоҳ" Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 14: Зикри ворид шудан ба хона чист?

Ҷ : "Бисмиллоҳи валаҷно ва бисмиллоҳи хараҷно ва ала-Аллоҳи раббино таваккално. Сипас бар хонаводааш салом медиҳад." Ривояти Абудовуд.

С 16: Дуои даромадан ба масҷид кадом аст?

Ҷ: "Аллоҳумма ифтаҳ лӣ абвоба раҳматика." Ривояти Муслим.

С 16: Дуои баромадан аз масҷид кадом аст?

Ҷ: "Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика." Ривояти Муслим.

С 17: Ҳангоми шунидани азон чӣ мегӯӣ?

Ҷ: Ҳар чизе, ки муаззин мегӯяд ҳамонро такрор мекунам, магар дар вақти гуфтани "Ҳайяа ала-с-салот" ва "Ҳайяа ала-л-фалоҳ" чунин мегӯям: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ." Муттафақун алайҳи.

С 18: Пас аз азон чӣ мегӯем?

Ҷ: Бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристӣ. Ривояти Муслим.
- Ва мегӯӣ: "Аллоҳумма рабба ҳозиҳи-д-даъвати-т-томмаҳ, ва-са-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата ваб-ъасҳу мақоман маҳмудан аллазӣ ваъадтаҳу" Бухорӣ.
- Байни азон ва иқомат дуо мекунӣ, зеро дуо дар ин вақт рад намешавад.

С 19: Ҳангоми субҳу шом кадом зикрҳоро мегӯӣ?

Ҷ: 1. Оятулкурсиро мехонам: "Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст." (Сураи Бақара, ояти 255)
2. Ва мехонам: Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим "Қул ҳуваллоҳу аҳад 1 Аллоҳу-с-самад 2 Лам ялид ва лам юлад 3 Ва лам якун- лаҳӯ куфуван аҳад 4) (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4) се бор.
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. ( Қул аъузу бирабби-л-фалақ 1 Мин шарри мо халақ 2 Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб 3 Ва мин шарри-н-наффосоти фи-л-ъуқад 4 Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад 5) (Сураи Фалақ, оятҳо 1-5) се бор.
Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. (Қул аъузу бирабби-н-носи 1 Малики-н-носи 2 Илоҳи-н-нос 3 Мин шарри-л-васвоси-л-ханнос 4 Аллазӣ ювасвису фӣ судури-н-нос 5 мина-л-ҷиннати ва-н-нос 6 (Сураи Нос, оятҳои 1-6) се бор.
"Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфиру-з-зунуба илло анта".
(Парвардигоро, ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз шар ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад). Ривояти Бухорӣ.

С 20: Вақти хоб рафтан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Бисмикаллоҳумма амуту ва аҳё." Муттафақун алайҳи.

С 21: Пеш аз таом хӯрдан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Бисмиллоҳ". Агар дар оғози таом хӯрдан "Бисмиллоҳ"-ро фаромӯш кардӣ, бигӯ: "Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳи ва охириҳи." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 22: Вақти аз таомхӯрӣ фориғ шудан чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ атъаманӣ ҳозо ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ." Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ ва дигарон.

С 23: Дуои меҳмон барои меҳмондор чист?

Ҷ: "Аллоҳумма борик лаҳум фимо разақтаҳум ва-ғфир лаҳум ва-рҳамҳум." Ривояти Муслим.

С 24: Инсон дар ҳолати атса задан чӣ мегӯяд?

Ҷ: "Алҳамду лиллоҳ." Бародараш ё ҳамроҳаш мегӯяд: "Ярҳамукаллоҳ". Вақто ба ӯ инро гуфт, дар посух "Яҳдикумуллоҳ ва юслиҳу болакум" бигӯяд. Ривояти Бухорӣ.

С 25: Вақте ки шумо аз ҷой бархезед ва аз ҷамъомад берун мешавед, чӣ мегӯед? "Дуъои каффорат барои маҷлис чист"?

Ҷ: "Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ан ло илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайка" Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва дигарон.

С 26: Дуои савор шудан ба василаи нақл чист?

Ҷ: "Бисмиллоҳи ва-лҳамду лиллоҳ, (Субҳоналлазӣ саххара лано ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринин (13) ва инно ило раббино ламунқалибун (14) (Сураи Зухруф, оятҳои 13-14), Алҳамду лиллоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Субҳонакаллоҳумма иннӣ заламту нафсӣ фағфир лӣ, фа иннаҳу ло яғфируз-зунуба илло Анта." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.

С 27: Дуои сафар чист?

Ҷ: " Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар,(Субҳоналлазӣ саххара лано ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринин (13) ва инно ило раббино ламунқалибун (14) (Сураи Зухруф, оятҳои 13-14), Аллоҳумма инно насъалука фӣ сафарино ҳозо албирра ват-тақво ва мин-ал-амали мо тарзо, Аллоҳумма ҳаввин ъалайно сафарано ҳозо ватвӣ ъанно буъдаҳу, Аллоҳумма Анта-с-соҳибу фи-с-сафар вал-халифату фил-аҳл. Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ваъсои-с-сафар ва каобатил-манзар ва суъил-мунқалаби фил-моли вал-аҳл"
Ва ҳангоми аз сафар баргаштан инро меафзояд:
"Оибуна тоибуна ъобидуна, лираббино ҳомидун." Ривояти Муслим.

С 28: Дуои мусофир барои муқим чист?

Ҷ: "Аставдиъукум Аллоҳа-л-лазӣ ло тазиъу вадоиъуҳу." Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷаҳ.

С 29: Дуои муқим барои мусофир чист?

Ҷ: "Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва хавотима амалика." Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ.

С 30: Дуои даромадан ба бозор чист?

Ҷ: "Ло илоҳа илла-Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳ-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд, юҳйи ва юмит, ва ҳува ҳаййун ло ямут, биядиҳи-л-хайр, ва ҳува ъало кулли шайъин қадир." Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.

С 31: Дуои ҳангоми хашму ғазаб чист?

Ҷ: " Аъузу биллоҳи минаш-шайтони-р-раҷим." Муттафақун алайҳи.

С 32: Ба касе, ки ба ту некӣ кард, чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Ҷазока-л-лоҳу хайран." Ривояти Тирмизӣ.

С 33: Дуои лағжиши маркаб чист?

Ҷ: "Бисмиллоҳ." Ривояти Абудовуд.

С 34: Агар чизи хушҳолкунандаро дидӣ чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ биниъматиҳи татимму-с-солиҳот." Ривояти Ҳоким ва дигарон.

С 35: Агар чизи нохушеро дидӣ ё шунидӣ чӣ мегӯӣ?

Ҷ: "Алҳамду лиллоҳи ъало кулли ҳол." Саҳеҳи ҷомеъ.

С 36: Салом додан ва посухи он чӣ гуна аст?

Ҷ: Мусалмон мегӯяд:" Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу." Дар посух бародараш мегӯяд: " Ва ъалайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу." Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд ва дигарон.

С 37: Дуои вақти борон боридан чист?

Ҷ: "Аллоҳумма сайибан нофиъан." Бухорӣ.

С 38: Дуои баъд аз борон боридан чист?

Ҷ: "Мутирно бифазлиллоҳи ва раҳматиҳӣ." Бухорӣ ва Муслим.

С 39: Дуои вазидани бод чист?

Ҷ: "Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳо ва аъузу бика мин шарриҳо." Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷаҳ.

С 40: Дуои шунидани раъд чист?

Ҷ: "Субҳоналлазӣ юсаббиҳу-р-раъду биҳамдиҳӣ ва-л-малоикату мин хифатиҳӣ." Муваттаи Молик.

С 41: Дар ҳоли дидани касе, ки ба мусибате гирифтор шудааст, чӣ дуоро мегӯӣ?

Ҷ: "Алҳамду лиллоҳи-л-лазӣ ъофонӣ миммо ибталока биҳи ва фаззаланӣ ъало касирин мимман халақа тафзилан." Ривояти Тирмизӣ.

С 42: Дуъои касе, ки бими он дорад, ки чизе ба ӯ расад?

Ҷ: Дар ҳадис омадааст: "Ҳаргоҳ яке аз шумо чизеро дар бародараш ё худаш ва ё дар амволи худ бубинад ва писандаш ояд, (барояш дуои баракатро хонад) зеро чашм (кардан) ҳақ аст." Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷаҳ ва дигарон.

С 43: Чӣ гуна бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруд ва салавот мефиристӣ?

"Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум-маҷид." Муттафақун алайҳи.
*******

Бахши гуногун26

С 1: Аҳкоми таклифии панҷгона кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Воҷиб (фарз).
2. Мустаҳаб.
3. Ҳаром.
4. Макруҳ.
5. Мубоҳ.

С 2: Ин аҳкоми панҷгонаро шарҳ бидеҳ.

Ҷ: 1. Воҷиб (фарз): Анҷом додани он лозим аст, аз қабили намозҳои панҷвақта, рӯзаи моҳи Рамазон, некӣ бар падару модар.
- Амалҳои воҷиб ва ҳатмӣ барои иҷрои онҳо подош дода мешавад ва барои тарки онҳо ҷазо дода мешавад.
2. Мустаҳаб: Монанди воҷиб анҷом доданаш лозим ва ҳатмӣ нест, монанди суннатҳои ротиба, намози шаб, таом додани мискинон ва салом гуфтан аст. Онро суннат ё мандуб ҳам меноманд.
- Барои анҷом додани мустаҳаб подош дода мешавад ва барои тарк кунандааш ҷазо нест.
Эзоҳи муҳим:

Мусалмон ҳаргоҳ шунид, ки ин амал суннат ё мустаҳаб аст, бояд барои анҷом додани он шитоб намояд ва аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ кунад.
3. Ҳаром: Он амале, ки тарк карданаш лозим аст, монанди шароб нӯшидан, нофармонӣ аз падару модар ва қатъи робитаи хешовандӣ.
- Тарк кунандаи ҳаром подош мегирад ва анҷомдиҳандааш гунаҳгор ва ҷазо дода мешавад.
4. Макруҳ: Тарки он лозими ва ҳатмӣ нест, монанди гирифтан ва додан ба дасти чап, ҷамъ кардани либос дар намоз.
- Тарк кунандаи он подош мегирад ва анҷом диҳандааш ҷазо дода намешавад.
5. Мубоҳ: Интихоб кардан миёни тарк ва ё анҷом додани он ҷоиз аст, ба монанди хӯрдани себ ё нӯшидани чой. Онро ҷоиз ва ҳалол меноманд.
- Бо амали мубоҳ, тарк кунанда ва анҷом диҳандааш подош ё ҷазо дода намешавад.

С 4: Ҳукми хариду фурӯш ва муомилот чист?

Ҷ: Асос дар ҳама хариду фурӯш ва муомилот ҳалол ва ҷоиз будани он аст, ба истиснои баъзе навъҳое, ки Аллоҳ Таъоло ҳаром гардонидааст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(дар ҳоле ки Аллоҳ Таъоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст.) (Сураи Бақара, ояти 275).

С 5: Баъзе навъҳои муомилот ва хариду фурӯши ҳаром кадомҳоянд?

Ҷ : Тақаллубкорӣ ва фиреб кардан, монанди пинҳон кардани айби молҳо.
- Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди анборе аз маводи ғизоӣ мегузашт, дасташро ба он дохил кард ва чун дасташро баровард ангуштонаш тар шуданд, пас фармуданд: "Ин чист эй соҳиби ғизо?" (Фурӯшанда ) гуфт: Борон ба ӯ расидааст эй Расули Аллоҳ! Фармуданд: "Намешуд, ки инро дар болои маводи ғизоӣ мегузоштӣ, то мардум онро бубинанд? Касе, ки фиребкорӣ кунад аз мо нест." Ривояти Муслим.
2. Рибо ва судхӯрӣ: аз ҷумлаи он ин аст, ки аз як нафар ҳазор қарз бигирам ва вақти баргардондан барояш ду ҳазор баргардонам.
- Ва он зиёдати рибо ва ҳаром аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (дар ҳоле ки Аллоҳ Таъоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст.) (Сураи Бақара, ояти 275).
3. Ғарар ва ҷаҳолат (фурӯхтани чизи номаълум ё маъдум): Ба монанди ин ки ширро дар пистони гусфанд бароят бифрӯшам ё ин ки моҳиро дар об, пеш аз ин ки онро сайд кунам.
- Дар ҳадис омадааст: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз хариду фурӯши ғарар наҳй кардааст." Ривояти Муслим.

С 6: Баъзе аз неъматҳое, ки Аллоҳ ба ту додааст, номбар бикун.

Ҷ: Неъмати Ислом ва ин ки ту аз ҷумлаи кофирон нестӣ.
2. Неъмати суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва ин ки ту аз ҷумлаи бидъаткорон нестӣ.
3. Неъмати сиҳатӣ ва саломатӣ, монанди шунавоӣ, биноӣ, роҳравӣ ва ғайра.
4. Неъмати таом, нӯшиданӣ ва либос.
- Неъматҳои Аллоҳ Таъоло бар мо зиёд ва бешумор аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Агар [бихоҳед] неъмат[-ҳои] Аллоҳро бишморед, наметавонед онро ба шумораш дароваред. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст.) (Сураи Наҳл, ояти 18)

С 7: Дар мавриди неъматҳо чӣ воҷиб аст? Ва чӣ гуна шукрашро ба ҷо меорӣ?

Ҷ: Воҷиб он аст, ки шукри неъматҳо ба ҷо оварда шавад ва он бо ҳамду сано ва ситоиши Аллоҳ Таъоло бо забон анҷом мешавад ва ин фазлу карам танҳо аз Ӯст. Ва бо истеъмол кардани ин неъматҳо танҳо барои розигии Ӯ на дар нофармонӣ аз Ӯ.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гӯед ва ба Ман носипосӣ накунед) (Сураи Бақара, ояти 152).

С 8: Идҳои мусалмонон кадомҳоянд?

Ҷ: Иди Рамазон ва иди Қурбон. Чунонки дар ҳадиси Унайс омадааст: Ҳангоме, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) Мадина омаданд, аҳли Мадина ду рӯз доштанд, ки дар он бозӣ ва шодӣ мекарданд. Пурсиданд: "Ин ду рӯз чӣ рӯзе ҳастанд?" Гуфтанд: Дар даврони ҷоҳилӣ мо дар ин ду рӯз бозию хурсандӣ мекардем. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ барои шумо ба ҷои он ду рӯз беҳтар аз онро додааст: рӯзи (иди) Қурбон ва рӯзи (иди) Фитр (Рамазон)." Ривояти Абудовуд.
Ва ҳар иде ҷуз ин ду ид аз ҷумлаи бидъатҳо аст.

С 9: Беҳтарин моҳҳо кадом аст?

Ҷ: Моҳи Рамазон.

С 10: Беҳтарин рӯзҳо кадом рӯз аст?

Ҷ: Рӯзи ҷумъа.

С 11: Беҳтарин рӯз дар рӯзҳои сол кадом рӯз аст?

Ҷ: Рӯзи иди Қурбон. Ва гуфта шудааст: рӯзи Арафа.

С 12: Беҳтарин шаб дар шабҳои сол кадом шаб аст?

Ҷ: Шаби Қадр.

С 13: Дар ҳоли дидани зани номаҳрам, чӣ воҷиб аст?

Ҷ: Чашм пӯшидан воҷиб аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй Паёмбар] Ба мардони муъмин бигӯ, чашмони худро [аз нигоҳ ба номаҳрам] фурӯ гиранд.) (Сураи Нур, ояти 30).

С 15: Душманони инсон киҳоянд?

Ҷ: 1. Нафсе, ки амр ба бадӣ мекунад: Ба ин шакл, ки инсон дар нофармонӣ аз Аллоҳ ба он чи ҳавои нафсаш амр мекунад, пайравӣ мекунад ва муртакиби гуноҳ ва нофармони аз Аллоҳ Таъоло мешавад. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Бе шак, нафс [-и васвасагари инсон ӯро] пайваста ба бадӣ фармон медиҳад, магар он ки Парвардигорам раҳм кунад. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаи меҳрубон аст.) (Сураи Юсуф, ояти 53).
2. Шайтон: Душмани фарзанди Одам, ҳадафаш гумроҳ кардани инсон ба бадиҳо васваса кардан ва андохтани ӯ ба оташи дӯзах. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва аз [роҳҳо ва] гомҳои шайтон [ки ба василаи онҳо ба тадриҷ шуморо ба сӯйи азоб мекашад], пайравӣ накунед, ки ба ростӣ ӯ душмани ошкори шумост) (Сураи Бақара, ояти 168).
3. Дӯстон ва ёрони бад: Касоне, ки ба бадӣ ташвиқ мекунанд ва мардумро аз корҳои нек бозмедоранд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Дӯстон [-и дунёӣ] дар он рӯз душмани якдигаранд, магар парҳезкорон) (Сураи Зухруф, ояти 67).

С 17: Тавба чист?

Ҷ: Тавба: Боз гаштан аз маъсияти Аллоҳ ба итоати Ӯ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва яқинан, ман омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста кунад ва он гоҳ бар ҳидоят [-и худ боқӣ] бимонад.) (Сураи Тоҳо, ояти 82)

С 18: Шартҳои тавбаи дуруст кадомҳоянд?

Ҷ: 1. Тарки гуноҳ.
2. Пушаймонӣ аз гуноҳони гузашта.
3. Қасд ва азми ҷиддӣ барои барнагаштан ба гуноҳ.
4. Боз гардондани ҳуқуқ ба аҳли он.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд – ва ҷуз Аллоҳ Таъоло чи касе гуноҳонро меомурзад? – Ва бар он чи кардаанд пофишорӣ намекунанд, дар ҳоле ки медонанд [гунаҳкоранд ва Аллоҳ Таъоло бахшоянда ва тавбапазир аст].) (Сураи Оли Имрон, ояти 135)

С 21: Маънои дуруд ва салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) чист?

Ҷ: Ин маънои онро дорад, ки шумо аз Аллоҳ Таъоло талаб мекунед, ки Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар ҷамъи малоика ситоиш кунад.

С 22: Маънои Субҳоналлоҳ чист?

Ҷ: Яъне, пок донистани Аллоҳ Таъоло аз ҳамагуна нуқсон, норасоӣ ва бадиҳо.

С 23: Маънои Алҳамду лиллоҳ чист?

Ҷ: Ҳамду ситоиши АллоҳТаъоло ва васфи Ӯ бо тамоми сифатҳои камол аст.

С 24: Маънои Аллоҳу акбар чист?

Ҷ: Яъне, Аллоҳ Таъоло бузургтар аз ҳама чиз ва гиромитар ва волотар ва бо иззаттар аз ҳама чиз аст.

С 25: Маънои "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ" чист?

Ҷ: Яъне, ин ки банда наметавонад аз як ҳолат ба ҳолати дигар табдил ёбад ва ӯ тавони чизеро надорад, магар бо ёрии Аллоҳ.

С 26: Маънои Астағфируллоҳ чист?

Ҷ: Яъне, банда аз Парвардигораш мехоҳад, ки гуноҳҳояшро маҳв созад ва айбҳои ӯро пинҳон кунад.

С 3: Самараи фаҳмиш дар дин чист ва чӣ фазилат дорад?

Ҷ: Дуруст будани гуфтор, амалҳо ва эътиқодот, ки боиси саодати дунё ва охират мегардад.
- Дар ҳадис аз Муъовия ибни Абусуфён (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Ҳар ки Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр дошта бошад, дар дин фақеҳаш мегардонад." Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Фақеҳ гардондан:
ӯро донишманд ва олими аҳкоми шариат мегардонад.

С 14: Ҳиҷоби зани мусалмон бояд чӣ гуна бошад?

Ҷ: - Ҳамаи баданро бипӯшонад.
- Зебу зиннат набошад.
- Тунук ва шаффоф набошад.
- Кушод бошад ва танг набошад.
- Муаттар ва хушбӯй нашуда бошад.
- Ба либоси мардон монанд набошад.
- Ба либоси кофирон ва фосиқон монанд набошад.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй Паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст.) (Сураи Аҳзоб, ояти 59).
Маънои оят:
Яъне: Эй Паёмбар ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони муъмин бигӯ, чодарҳои худро бар сару рӯйҳои худ биандозанд, то чеҳра ва сина ва сарҳояшон пӯшида бошад. Ин барои он аст, ки ба пӯшиш ва муҳофизат шинохта шаванд ва мавриди озору бадие қарор нагиранд, беҳтар аст. Ва Аллоҳ омурзанда ва меҳрубон аст, он тавр ки гуноҳони гузаштаи шуморо бахшидааст ва бо баён кардани ҳалолу ҳаром ба шумо раҳм кардааст.

С 16: Тақво чист?

Ҷ: Тақво: Анҷоми тоатҳо ва тарки гуноҳон аст.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (аз Аллоҳ Таъоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ Таъоло бо парҳезкорон аст.) (Сураи Бақара, ояти 194)

С 19: Роҳи расидан ба сарбаландӣ ва пирӯзӣ барои мусалмонон чист?

Ҷ: Мутобиқи қонунҳои Ислом амал кардан ва тарки гуноҳ ва нофармонӣ.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину Паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, Ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад.) (Сураи Муҳаммад, ояти 7).
- Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: (Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ҳол [ва сарнавишти накуи] ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро, ки дар дилҳояшон доранд, дигаргун созанд [ва муртакиби гуноҳ шаванд].) (Сураи Раъд, ояти 11).

С 20: Дуо чӣ аҳамият дорад?

Ҷ: Дуо аз бузургтарин тоатҳо ва гиромитарин қурубот аст.
- Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Парвардигоратон фармуд: «Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд».) (Сураи Ғофир, ояти 60).
- Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дуо ҳамон ибодат аст." Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.